Гулҳои Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
27 April 2011

26 апрели соли 2011 зимни баргузории ҷаласаи кории шаҳрдорӣ таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев баҳри иҷрои дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таҳкиму  ғановати фазои фарҳангии  шаҳр ва фарохсозии шароитҳо ба истироҳату фароғати сокинон илова ба тадбирҳои феълан бо ин мақсад аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар рўзҳои истироҳат амалишванда, муқаррар карда шуд, ки ҳамарўза ба ифтихори таҷлили сазовори ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар кулли боғҳои фароғатии пойтахт дар таносуби ҳар як ноҳия соати 18-00 базмҳои шеъру суруд бо иштироки овозхонону дастаҳои ҳунарӣ то санаи 9-уми сентябри соли 2011 баргузор карда мешавад.

Зикр гардид, ки консертҳои мазкурро дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ ва вазорати фарҳанг  ноҳияи Сино дар боғи ба номи А. Мироненко, ноҳияи Шоҳмансур дар майдони 800-солагии Москва, нохияи Фирдавсӣ дар боғи «Дўстии халқҳо» ва ноҳияи И. Сомонӣ то анҷоми корҳои нақшавии таъмирӣ дар Боғи  устод Рўдакӣ дар боғи ба номи С.Айнӣ доир менамоянд.

Чунин иқдомот бо истифода аз потенсиали ҳунармандон ва ҳаваскорон дар сатҳи шахраку маҳаллаҳо низ татбиқ карда мешаванд.

Ҳамзамон таъкид гашт, ки рафти корҳои омодагӣ ба 20-солагии Истиқлолият ҳамарўза дар сатҳи ҳар як хонаву бино, маҳаллаву шаҳрак, корхонаву идораҳо ҷамъбаст карда шуда, шурўъ аз 29 апрели соли ҷорӣ то 9 сентябр ҳар рўзи шанбе ҳашари умумишаҳрӣ баргузор карда мешавад.