Муасисаи давлатии «Душанбе Плаза»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
11 September 2019

Дар бораи даъват намудани иҷлосияи бистуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум

 

Мутобиқи моддаҳои 12, 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»,

ҚАРОР  МЕКУНАМ:

1. Иҷлосияи бистуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум 20 сентябри соли 2019, соати 900 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 80 даъват карда шавад.

2. Ба рӯзномаи иҷлосияи бистуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум масъалаҳои зерин дохил карда шаванд:

2.1. Дар бораи  вазъи иҷрои  Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани бунёдкорӣ бахшида ба таҷлили ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ» дар соли 2019.                                                                                                                                  

2.2. Дар бораи ҳисоботи муовини якум, муовинони Раиси шаҳри Душанбе ва раисони ноҳияҳои шаҳр ҷиҳати омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020 дар шаҳри Душанбе.

3. Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум  тибқи замимаҳои 1  ва  2 то санаи 18 сентябри соли 2019 дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор намуда,  аз натиҷаи онҳо ба гурӯҳи корӣ оид ба такмил додани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи бистуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум таклифҳои мушаххасро пешниҳод намоянд.

4. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе бо тартиби муқарраргардида муҳтавои қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба самъи сокинони пойтахт расонида, таклифу пешниҳодҳои вобаста ба иҷлосия воридгардидаро ба гурӯҳи корӣ манзур созад.

5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Саидзода Т.Н. гузошта шавад.

                                                                                Рустами Эмомалӣ