Гулҳои Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
28 April 2011

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

№209  аз 26 апрели  соли 2011

 Дар бораи чораҳо оид ба таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт дар кӯчаҳои протоколии шаҳри Душанбе аз VIP зали Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии «Фурудгоҳи байналмиллалии шаҳри Душанбе» то гардиш ба маҳаллаи Қулписта бинобар сабаби гузаронидани  корҳои таъмири роҳҳо

 

Бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракат аз VIP зали Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии «Фурудгоҳи байналмиллалии шаҳри Душанбе» то гардиш ба маҳаллаи Қулписта, бинобар сабаби гузаронидани корҳои таъмири роҳҳо мутобиқ ба талаботи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаҳои 14 ва 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» ва моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

 

1.   Бинобар сабаби гузаронидани корҳои таъмири роҳҳои протоколӣ, ҳаракати нақлиёт аз VIP зали Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии «Фурудгоҳи байналмиллалии шаҳри Душанбе» то гардиш ба маҳаллаи Қулписта марҳила ба марҳила тибқи нақшаи мувофиқашудаи замимагардида  қатъ карда шавад.

2.   Дар робита бо муқаррароти банди 1-и Қарори мазкур Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» (Шералиев А.Б.),   Раёсати хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти шаҳри Душанбе (Расулов Ф.), Корхонаҳои коммуналии воҳиди давлатии «Автобус-1» (Саидов Ф.), «Автобус-2» (Ёрова З.) ва «Троллейбус»-и (Алиев А.) шаҳри Душанбе самти ҳаракати нақлиёти мусофирбариро, ки аз кӯчаҳои А.Дониш, С.Айнӣ ва хиёбони Рӯдакӣ мегузаранд, марҳила ба марҳила тибқи нақшаи хатсайри мувофиқашуда таъмин намоянд.

3.   Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе (Сабзов Ш.) ҷиҳати таъмини ҳаракати нақлиёт ба кӯчаҳои ҳамшафат бо назардошти гузоштани аломатҳои роҳ ва таъмини ҳаракати шаҳрвандон тибқи нақшаи мувофиқашуда чораҷӯӣ намояд.

4.   Аз роҳбарони корхонаҳо, идораҳо, муассисаҳо, ташкилотҳои субъектҳои хоҷагидорие, ки дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе фаъолият менамоянд, хоҳиш карда шавад, ки бобати ҳалли  мушкилоти хатҳои муҳандисии соҳибтавозун дар иншооти мазкур ба фармоишгар – Муассисаи давлатии «Сарраёсати ободонии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе» хамаҷониба мусоидат намоянд.

5.   Котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори музкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

6.  Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Оев А.М. гузошта шавад.

 

М.УБАЙДУЛЛОЕВ