«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
3 May 2011

Мутобиқ ба анъанаи ҷойдошта ва татбиқи амалии сиёсати Сарвари давлат оид ба дастгирии иҷтимоии табақаҳои алоҳидаи эҳтиёҷманд, гиромидошти хотираи қаҳрамонони ҷанг, баланд бардоштани ифтихори ватандорӣ ва  дар рӯҳияи матонату далерӣ тарбия намудани шаҳрвандон ба ифтихори таҷлили 66-умин солгарди Ғалаба дар ҶБВ солҳои 1941-1945 Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар асоси Қарорҳои дахлдори худ 1350 нафарро бо кӯмакпулиҳои якдафъина сарфароз гардонид.

Бо ин мақсад аз ҳисоби маблағҳои  озоди буҷети шаҳр 504150 (панҷсаду чор ҳазору яксаду панҷоҳ) сомонӣ ба муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ҷудо карда шуд..

Тибқи ин иқдоми шаҳрдорӣ ба 211 нафар маъюбон ва иштирокчиён Ҷанги Бузурги Ватании солхои 1941-1945  ба андозаи 500 сомонӣ,  ба 147 нафар шахсони бо ордену медалҳои ИҶШС барои меҳнати фидокорона ё хизмати бенуқсони ҳарбӣ дар акибгоҳ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ сарфарозгардида, 426 нафар шахсоне, ки зиёда аз шаш моҳ дар акибгоҳ кор кардаанд, 6  нафар  ҳамсарони ҷанговарони дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳалокгардида, 3 нафар муҳосирабудагони шаҳри Ленинград, 120 нафар маъюбони амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар (АфҒонистон), 166 нафар маъюбони рафъи садамаи нерӯгоҳи барқӣ-атомии Чернобил ва 271 нафар оилаи шахсоне, ки ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалок гардидаанд ба ҳар кадом ба андозаи 350 сомонӣ   кӯмакпулии яквақта дода мешавад.

Дар ин росто муовини якум ва муовинони  Раиси шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо раисони ноҳияҳои шаҳр  вазифадор гардидаанд, ки маблагҳои мазкурро ба категорияҳои зикргардида, пеш аз ҳама бо  аёдати шахсӣ  ба  иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солхои 1941-1945 то 5 майи соли 2011 дастрас намоянд.

Ҳамзомон тибқи Қарори мазкур нақшаи чорабиниҳои шаҳрдорӣ нисбати 9 май тасдиқ карда шуд, ки дар ин рӯз соати 10-00 дар тамоми шаҳр сайругашти оммавӣ бо баргузории намоиш ва фурӯши маҳсулоти қаннодӣ  консертҳо дар богҳои фарҳангу фарогатии ба номи С.Айнӣ, «Дӯстии Халқҳо», Кӯли ҷавонон  ва майдони 800-солагии  Москва доир карда мешаванд.