Осорхонаи нави миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
3 October 2019

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт  мерасонад, ки бо мақсади соддагардонии раванди пардохти роҳкиро, ҳалли баҳсҳо оид ба бозпасгирии бакияпулӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мусофирон, шурӯъ аз 7-уми октябри соли 2019 дар хатсайри автобусии №4 (Терминали «Шарқ-Транс»-ҶДММ «Маром») пардохти ҳаққи роҳкиро пурра тариқи кортҳои нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад.

Аз мусофирон эҳтиромона ҳоҳиш карда мешавад, ки ҳангоми саворшавӣ ба автобусҳо аз кортҳои электронӣ истифода баранд.