Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
3 October 2019

ш.Душанбе.03.10.2019. Шоми имрӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ дар Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов тамошои дастаҷамъонаи намоишномаи "Гирдбод" дар таҳияи коргардон Шавкат Халилов баргузор гардид.

Дар тамошои дастаҷамъонаи намоишнома масъулин ва кормандони сохтору ниҳодҳои дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Дар ибтидо муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ табрикоти Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ ба сокинони пойтахт қироат намуданд.
Тавре зикр гардид, Забони тоҷикӣ ва рушди ташаккули пайвастаи он дар мақоми забони давлатӣ муҳимтарин рамзи истиқлолияти давлативу сиёсии мо ба ҳисоб меравад.
Аз ин лиҳоз, бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар кишвар 5 октябр, ҳамчун "Рӯзи забони давлатӣ" эълон шудааст.
Имрӯз забони тоҷикӣ ба ҳайси забони миллӣ ва давлатӣ дар мақоми забони сиёсат, илму фарҳанг, қонунгузорӣ, равобити дипломатӣ, тиҷорат ва дигар воситаҳои иртибот қарор дорад.
Маҳз ба ҳамин хотир, мо забонро мисли истиқлолият, Ватан, Модар ва фарҳанг аз ҷумлаи муқаддасоти миллии худ мешуморем ва онро азизу гиромӣ медорем.
Дар баробари ин, бояд хотирнишон сохт, ки ҳифз намудану гиромӣ доштани суннатҳои ниёгон, аз ҷумла фарҳанги миллӣ, ки забон ва либоси миллӣ, инчунин, номгузорӣ ба фарзандон ва эҳёи номҳои ҷуғрофӣ, ки ойинаи таърихи халқу кишварамон ва василаи пайванди имрӯз бо гузашта мебошанд, бояд ба одати ҳаррӯзаи мо табдил ёбад.
Аз ин рӯ, вазифаи ҳар як фарди бонангу номус ҳифзу эҳтиром ва гиромӣ доштани забони давлатӣ аст.
Намоишномаи "Гирдбод", ки аз рӯи драмаи Нур Табаров таҳия гардидааст, аз рӯзгору пайкори аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон - устод Садриддин Айнӣ, ҷаҳду талошҳои эшон баҳри соҳиб давлат шудани тоҷикон, муборизаҳои устод алайҳи пантуркистон ва «дӯстон»-у душманони миллати тоҷик дар ибтидо ва ниммаи аввали асри ХХ ҳикоят мекунад.
 Таҳиягарон бо такя ба ҷаҳони ботинии устод Садриддин Айнӣ, хоса мероси гаронмояи илмиву адабӣ ва хизматҳои  арзандаи эшон дар назди таърихи миллат барои расидан ба ормонҳои миллӣ, ҳифзи забони модарӣ афкору андешаҳои созандаву «сӯзанда»-и наслҳои гуногуни Ватанро нисбати масъалаҳои муҳаббат ба Ватан, худогоҳии миллӣ, эҳтиром  ба  забон  ва  таърихи   фарҳанги  миллӣ, арҷ гузоштан ба мероси гаронбаҳои адабиву илмӣ ва нақши тоҷикон дар раванди ташаккули фарҳанги қавму миллатҳои сокини Осиёи Миёнаро  баён кардаанд.
Таҳиягарони намоишнома бо дарки амиқи таърихи бою пурғановати миллати тоҷик ба бинанда қаҳрамониву далерии миллат, дарду ормонҳои миллӣ ва ҷафоҳои ба сари ин миллати фарҳангсозу ҳофизаи бойи таърихидошта фурурехтаро ба таври амиқу дақиқ инъикос намуданд.
Намоишномаи "Гирдбод"  дар Ҷашнвора-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2015» ба дарёфти   мақоми аввал, беҳтарин кори коргардонӣ ва беҳтарин ороиши саҳна ноил гардидааст.
Кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тасмим гирифтаанд, ки минбаъд низ дар тамоми чорабиниҳо ва намоишномаҳои театрӣ фаъолона иштирок намоянд.