Гулҳои Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
4 May 2011

4 майи соли 2011 дар КВД «Маркази равобити пойтахт» таҳти раёсати Маҳмадсадид Убайдуллоев ҷаласаи васеи кории шаҳрдории Душанбе бо иштироки фаъолони пойтахт, раисони шӯроҳои шахрии Шӯрои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳамкориҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар шаҳри Душанбе, собиқадорони ҷангу меҳнат, ҳизбҳои сиёсӣ,  шӯроҳои шахраку маҳаллаҳо, ширкатҳои соҳибмулкони манзил, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта ва намояндагони дигар институтҳои шаҳрвандӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа аз ҷониби Маҳмадсаид Убайдуллоев бо иштироки ҳозирин масъалаи тақвияти корҳои омодагӣ ба истиқболи сазовори ҷашни20-солагии Истиқлолият дар пойтахт ва иҷрои нақшаҳои сохтмонию ободонӣ ва фарҳангии бо Қарори марбутаи Раиси шаҳр аз 31 октябри соли 2008 оид ба «900-рӯзи ободонӣ»  тасдиқгардида, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.  

Дар  ин равобит барои сафарбар кардани потенсиали аҳли ҷамоатчигӣ ва институтҳои  шаҳрвандӣ  таъкид гардид, нақшаи фаъолияти онҳо оид ба иштирок дар маъракаҳои ободонӣ ва ҳашарҳои умумишаҳрии ҳар рӯзи шанбе доиршаванда, ки  сатҳи хонаву биноҳои истиқоматӣ, корхонаву ташкилот ва шаҳраку маҳаллаҳоро фарогир бошад, зери роҳбарии раисони ноҳияҳо ва ҳар як роҳбарони институтҳои шаҳрвандӣ  мавриди мониторинги доимӣ қарор дода шавад.

Аз ҷумла, зикр гашт, ки дар радифи дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар баргузории ҳашарҳо, пеш аз ҳама иштироки бевоситаи  имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта таъмин карда шавад.

Барои вусъати корҳои омодагӣ ва дар асоси барномаҳои шаҳрдорӣ таквият бахшидан ба баланд бардоштани сатҳи масъулият ва ифтихормандии сокинон дар эҳтиромгузорӣ ба арзишҳои соҳибистиқлолӣ ва рамзҳои давлатӣ  Маҳмадсаид Убайдуллоев афзуд, ки шаҳрдорӣ бо ин мақсад 50-70 ҳазор  парчами миллии дорои андозаи муайянро истеҳсол намуда, ба истифодаи сокинон ройгон қарор медиҳад.

Дар ҷаласа хамзамон Раиси шаҳр нисбати ҳамкориҳои иҷтимоии ҶСП ширкати сохтмонӣ ва сармоягузории «Совтехник Интернатсионал Тоҷикистон», ки бар ивази фоизҳои тибқи қарордод  аз ҳисоби се бинои 16-ошёнаи дар хиёбони С.Шерозӣ бунёдшавандаи ширкат ба тавозуни шаҳрдорӣ супоридашавандаи квартираҳо, дар хиёбони Ҳ. Шерозӣ ба маблаѓи 17,5 млн сомонӣ сохта ба истифода додани як бинои 9-ошёнаи истиқоматӣ, ки сокинони бинои истиқоматии Рӯдакӣ, 67 он ҷо кӯчонида шуданд, ба директори генералии он ҷаноби Муҳаммадризо Ҳусейнхонӣ  изҳори сипос карда, мавсуфро бо тӯҳҳфаи хотиравӣ қадрдонӣ намуд.

Дар фарҷоми ҷаласа Маҳмадсаид Убайдуллоев аҳли толор ва кулли сокинони шаҳрро ба муносибати ҷашни 66-умин солгарди Ѓалаба дар ҶБВ-ии солҳои 1941-1945 самимона шодбош намуда, бо сипсмандӣ аз матонату корнамоиҳои ҷангии иштирокчиён ва маъюбони ҶБВ, ки  феълан дар шаҳри Душанбе 211 нафар  зиндагӣ доранд, муовинони Раиси шаҳр ва раисони ноҳияҳои шаҳрро муваззаф сохт, ки бо аёдати шахсӣ 500 - сомонӣ кӯмакпулиҳои шаҳрдориро ба онҳо расонида, дар рӯзи 9-май дар хонаи ҳар кадоми онҳо  дастурхони идона ороянд.