Биноҳои истиқоматӣ ва маъмурии лоиҳаи «Диёри Душанбе»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
7 May 2011

Субҳи имрӯз 7 майи соли 2011 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба баррасии масъалаҳои ғановати бозори истеъмолӣ ва коҳиш додани нархи онҳо барои дастрасии истеъмолкунандагон ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ бо иштироки масъулини соҳаҳои хоҷагидорӣ, директорони бозорҳои коммуналии шаҳр, соҳибкорон- интиқолдиҳандагони молу маҳсулот дар бозори истеъмолию хизматрасонии пойтахт таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид.

Дар ҷаласа тибқи таҳлилҳои воқеӣ ва мониторинги ҳамарӯзаи нархи маҳсулоти ниёзи аввалия ва натиҷаи забҳи чорво аз ҷониби комиссияи ҷамъиятию депутатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ташаббуси соҳибкорони дар харид ва фурӯши гӯшти гов ва гӯсфанд фаъолият дошта аз тарафи Раиси шаҳр дар марзи маъмурии Душанбе бо нархи то 23 сомонӣ ба фурӯш гузоштани  гӯшти гов ва то 24 сомонӣ гӯшти гӯсфанд ҷонибдорӣ гардид.

Маҳмадсаид Убайдуллоев зимни ҷонибдорӣ аз ташаббуси соҳибкорон ҳамзамон даъват ба миён овард, ки ба сифати гӯшти ба савдогузошташаванда эътибори ҷиддӣ дода, нагузоранд, ки ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон дар интихоб ва дастрасӣ ба гӯшти хушсифат поймол гардад ва марказҳои назорати давлатии ветеринарӣ, санитарию эпидемиологӣ ва дигар сохторҳои марбутаи шаҳрӣ дар ин самт фаъолиятро пурзӯр намоянд.

Ҷавобан ба иқдоми соҳибкорон Маҳмадсаид Убайдуллоев баҳри дастгирии онҳо оид ба зиёд намудани  воридоти чорвои забҳӣ ва гӯшт дар шаҳр муқаррар сохт, ки аз ҳисоби буҷети шаҳр ба Иттифоқи «Тоҷикматлубот» - 2 млн сомонӣ, КВД «Савдо ва бозорҳои шаҳр Душанбе»-1 млн сомонӣ  ва 20 нафар соҳибкорон - 1 млн сомонӣ қарзи бефоиз бо назардошти баргардонидани маблағҳо дар тӯли соли молиявӣ ҷудо карда шавад.

Ҳамзамон дастур дод, ки дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин иловатан дар назди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе сохтори нав - Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба харид, захира ва савдои маҳсулоти озуқаворӣ  ташкил намуда, аз ҷумла ба зиммаи он таъминсозии маводи озуқа ва фурӯши онро дар 114 «Гӯшаҳои деҳқон» вогузор намуда, дар шафати  тамоми «Гӯшаҳои деҳқон» баҳри ғизои маънавии сокинон фаъолияти дӯконҳои рӯзномафурӯшӣ ба роҳ монда шавад.

Зимнан, супориш гардид, ки барои бо маводи хушсифти ғизоӣ пайваста дар асоси баргузории тендерҳо таъмин намудани мактаб-интернату хонаҳои кӯдакони назди раёсатҳои маориф ва тандурстии шаҳр фаъолиятдошта корхонаи махсуси воҳиди давлатӣ таъсис дода шавад.

Инчунин КВД «Савдо ва бозорҳои шаҳр Душанбе» ва бозорҳои зертобеи он вазифадор карда шуданд, ки барои таъмини ҳамарӯза бо маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияҳои Ҷиргатол, Рашт ва дигар манотиқи кишвар хоҷагиҳои ёрирасон ташкил намоянд.

Дар ҷаласа пешниҳоди соҳибкор - Неъмат Назиров, ки дар воридот ва савдои яклухти орди навъи «Шамалған»-и Қазоқистон дар шаҳри Душанбе тахассус дорад, нисбати 50 кг орди мазкурро бо нархи 130 сомонӣ дар тамоми бозорҳои коммунали шаҳр ба савдо гузоштан ҷонибдорӣ гардида, дар асоси ташаббуси соҳибкорон нархи орди истеҳсоли маҳаллӣ то 120 сомонӣ ба фурӯш гузоштан дастгирӣ ёфт.

Бо тавачҷӯҳ ба нигаҳдошти болоравии нархи маводи сӯзишвории нақлиётӣ, ки дар ҷаласа соҳибкорони ба ин намуди хизматрасонӣ машғулиятдошта ширкат доштанд, зимни пажӯҳиши масъала ва пешниҳоди соҳибкорон Маҳмадсаид Убайдуллоев муқаррар сохт, ки баҳри мусоидат ба интиқоли миқдори лозимаи маводи сӯхт соҳибкорон имкон доранд бо таъсиси Ассосиатсияи якҷояи худ унвонии шаҳрдорӣ ҷиҳати дарёфти 10 млн сомонӣ қарзи бефоиз муроҷиат намоянд.

Дар ин равобит дастур гардид, ки барои нигоҳ доштани болоравии нархи маводи сӯхт аз ҳисоби захираҳои мавҷуда нуқтаҳои иловагии савдои сайёр дар қаламрави шаҳри Душанбе ташкил карда шавад ва дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин масъалаи сохтмони захирагоҳи маводи сӯзишворӣ дар шаҳр аз ҷониби масъулин мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба Раиси шаҳри Душанбе таклифҳои асоснок ирсол карда шаванд.