Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
12 May 2011

Бо мақсади пешгирӣ аз ҳодисаҳои сӯхтор ва ба талаботҳои  зиддисӯхторию беҳдошти санитарӣ мувофиқ намудани фаъолияти бозори «Сомон» дар асоси қарорҳои Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе баҳри аз ҷониби маъмурияти бозор рафъ намудани камбудиҳои ҷойдошта фаъолияти он аз 13 майи соли 2011 то ислоҳи вазъ муваққатан манъ карда мешавад.

Вобаста ба ин Раиси шаҳри Душанбе  Маҳмадсаид Убайдуллоев ба масъулини соҳаи шаҳрдорӣ дастур фармуд, ки дар ин муддат то ба фаъолият шурӯъ кардани бозор  муваққатан соҳибкорони он дар бозори «Деҳқон»  ё худ дигар бозорҳои коммуналии шаҳр ва «Гӯшаҳои деҳқон» бо ҷои кор таъмин карда шаванд.