Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
16 May 2011

Комиссияи тендерии Воњиди хариди Маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї дар шањри Душанбе тибќи Ќарори Раиси шањри Душанбе №179-7 аз 5 апрели соли 2011 «Дар бораи баргузории тендер» оид ба хариди 100 адад автобусњо барои корхонањои коммуналии воњиди давлатии шањри Душанбе бањри бењбудбахшии хизматрасонї ба мусофирон дар хатсайрњои шањрї ва самаранок истифода бурдани маблаѓњои буљетї, фароњам овардани шароити раќобати солим, ташкилотњои ватанию хариљиро ба сифати «Иштирокчї» аз 16 май то 6 июни соли 2011

 

ба озмун даъват менамояд.

 

Иштироки довталабон дар озмун бо дарназардошти пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ва шартҳои зерин ба инобат гирифта мешавад:

-Оинномаи корхона;

-иҷозатнома (литцензия) барои иҷрои корҳои хариду фурӯш;

-кафолати таъмини пешниҳоди тендерӣ (кафолати бонкӣ);

-гувоҳномаи Нозироти андоз;

-гувоҳномаи Фонди ҳифзи иҷтимоӣ;

-маълумотнома оид ба таъмини корхонаю муассисаҳо бо нақлиёти мусофиркаши истифодаи умум дар 2-3 соли охир;

-номгӯи корҳо бо назардошти ҳаҷми он дар доираи маблаѓи ҷудошуда;

-пардохти ҳаққи иштирок дар тендер.

Довталабон метавонанд маълумоти иловагиро тавасути телефони зерин дастрас намоянд.

Телефонҳо 221-53-24: 227-83-14.

Дархостҳо бояд дар лифофаи маҳкам, муҳрзада то соати 1700            6 июни соли 2011 ба шӯъбаи нақлиёт ва комуникатсияи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод карда шаванд.

Озмун рӯзи 7 июни соли 2011 соати 1000 дар толори калони маҷлисгоҳи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, хиёбони Рудакӣ-48«А» баргузор мегардад.