«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
16 May 2011

Дар бораи чораҳо оид ба татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №168  аз 1 апрели соли 2011 «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Консепсия дар бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар»

 

Бо мақсади татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №168  аз 1 апрели соли 2011 «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Консепсия дар бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар», мутобиқ ба талаботи моддаҳои 19 ва 20-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №168  аз 1 апрели соли 2011 «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Консепсия дар бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар» мавриди роҳбарӣ ва иҷроиш қарор дода шавад.

2. Дар робита ба муқаррароти банди 1 Қарори мазкур Нақшаи чорабиниҳои замимагардидаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба татбиқи Консепсия дар бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар тасдиқ карда шавад.

3. Муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва роҳбарони мақомоту сохторҳои шаҳрӣ вобаста ба иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба татбиқи Консепсия дар бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар чораву тадбирҳои таъхирнопазир андешида, аз натиҷааш ҳар нимсола ба Раиси шаҳри Душанбе маълумот пешниҳод намоянд.

4. Котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

5. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовинони Раиси шаҳри Душанбе Сафаров С. ва Раҳимова С. гузошта шавад.

 

М. УБАЙДУЛЛОЕВ

 

Замима

 ба Қарори Раиси шаҳри Душанбе

 аз 6 майи соли 2011, № 215-7