Маркази барқу гармидиҳии -2 Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
18 May 2011

Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» ба таваҷҷӯҳи сокинон ва дигар истифодабарандагони оби нӯшокии шаҳри Душанбе мерасонад, ки бо мақсади саривақт ва бо сифат ба анҷом расонидани корҳои Қарордоди DWSP-001 «Барқарорсозии филтрҳои зудамал дар Истгоҳи обтозакунии «Фишорӣ»-и КВД «Обу корези Душанбе»  интиқоли оби нӯшокӣ дар ҳудуди:

ноҳияи И.Сомонӣ - хиёбони Рӯдакӣ (аз кӯчаи Бухоро то кӯчаи Михайлов), кӯчаҳои М.Турсунзода, Шевченко, Шероз, Шотемур, Ф.Ниёзӣ, И.Сомонӣ А.Командир, М.Холов, Л.Шералӣ, Ѓ.Абдулло, Л.Толстой, Парвин, Пушкин, Теҳрон, Нодира аз рӯзи 19-май то рӯзи 29-майи соли 2011 қисман ва бо таври муваққатӣ маҳдуд карда мешавад.

Бинобар ин, аз шаҳрвандон ва дигар обистеъмолкунандагон хоҳиш карда мешавад, ки миқдори лозимии оби нӯшокиро    захира намоянд.

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

№ 221 аз 17 майи соли 2011

Дар бораи қисман ва ба таври муваққатӣ маҳдуд намудани интиколи оби нӯшокӣ дар ноҳияи Исмоили сомонӣ  

 

         Бо мақсади саривақт ва босифат ба анҷом расонидани корҳо дар асоси Қарордоди DWSP-001 «Барқарорсозии филтрҳои зудамал дар Истгоҳи обтозакунии «Фишорӣ»-и Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар доираи Лоиҳаи обтаъминкунии шаҳри Душанбе (маблаѓгузории Бонки Умумиҷаҳонӣ), мутобиқ ба талаботи моддаҳои 19 ва 20-и Қонуни  Конститутсионии Точикистон «Дар бораи Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати» ва Кодекси оби Ҷумхурии Тоҷикистон

 ҚАРОР МЕКУНАМ:

      Нақшаи  замимагардидаи чорабиниҳо оиди қисман ва ба таври мувақаттӣ (аз 19 то 29 майи соли 2011) маҳдуд намудани интиқоли оби нӯшокӣ дар ноҳияи И. Сомонӣ тасдиқ карда шавад.

 

2.     Ба инобат гирифта шавад, ки дар ҷараёни гузаронидани корҳо  интиқоли обӣ нӯшокӣ дар қисмати кӯчаву хиёбонҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ: хиёбони Рӯдакӣ (аз кӯчаи Бухоро то кӯчаи Михайлов), кучаҳои М.Турсунзода, Шевченко, Шероз, Шотемур, Ф.Ниёзӣ, И.Сомонӣ, А.Командир, М.Холов, Л.Шералӣ, Ѓ.Абдулло, Л.Толстой, Парвин, Пушкин, Теҳрон ва Нодира қисман ва ба таври муваққатӣ маҳдуд мегардад.

 

3.     Аз сокинони маҳаллаю кӯчаҳои зикргардида хоҳиш карда мешавад, ки миқдори лозимаи обӣ нӯшокиро захира намоянд.

 

4.     Раиси ноҳияи И. Сомонӣ (Қурбонов А.) ва Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» (Исупов Ф.) дар давраи иҷрои иҷрои корҳои ба нақша гирифташуда дар ҳолати зарурӣ ба воситаи нақлиёти обкашонӣ сокинони минтақаи мазкурро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.

 

5.     Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе (З.Авгонов) мутобиқ ба талаботи санитарӣ ҷараёни иҷрои корҳо ва таъмини аҳолии ноҳияи И. Сомониро бо оби нӯшокӣ дар ин давра таҳти назорат қарор диҳад.

 

6.     Котиби матбуоти Раиси шаҳри Душанбе инъикоси Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

 

7.     Назорати иҷроияи Қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Хайруллоев Н. гузошта шавад.

 

 

  М. Убайдуллоев