Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
23 May 2011

23 майи соли 2011 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа Маҳмадсаид Убайдуллоев масъалаҳои мубрами ҳаёти хоҷагидории шаҳр, пеш аз ҳама сохтмони иншоотҳои ҷашнӣ, ҷараёни азнавсозии 11 км роҳи протоколии хиёбони Рӯдакӣ-кӯчаҳои С. Айнӣ ва А.Донишро  мавриди баррасӣ қарор дода, ба фармоишгар Сарраёсати ободонии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дастур фармуд, ки дар ҳамкорӣ бо пудрадчии иншоот - Намояндагии корпоратсияи хитойӣ оид ба сохтмони роҳҳо ва кӯпрӯкҳо дар ҶТ иҷрои корҳоро бо сифати баланд на дертар аз 20 августи соли 2011 ба анҷом расонида, ҷиҳати истифодабарӣ ба комиссияи давлатии қабул пешниҳод намоянд.

Ҳамзамон дар ҷаласа бо дахли масоили ѓановати бозори истеъмолӣ, ба хусус таъмини бозорҳои шаҳр бо гӯшти хушсифат, пеш аз ҳама бо нархҳои тавсиявии  1 кг  гӯшти гов 23 сомонӣ ва гӯсфанд 24, ки бо ин мақсад аз ҷониби шаҳрдорӣ аз ҳисоби буҷети шаҳр ба Иттифоқи «Тоҷикматлубот» - 2 млн сомонӣ, КВД «Савдо ва бозорҳои шаҳри Душанбе»-1 млн сомонӣ  ва 20 нафар соҳибкорони маҳаллаи 33-юм ба ҳар яке аз онҳо 50,0 ҳазор сомонӣ - 1 млн сомонӣ қарзи бефоиз бо назардошти баргардонидани маблаѓҳо дар тӯли соли молиявӣ ҷудо карда шудааст, ба сохторҳои назорати давлатӣ дастур гардид, ки воқеияти гардиши мақсадноки маблаѓҳо ва пешниҳоди гӯшти хушсифат аз ҷониби субъектҳои зикргашта ба сокинонро пайваста зери таваҷҷӯҳ қарор диҳанд.

Инчунин бо дарназардошти болоравии нархи маводи сӯзишворӣ ва хулосаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати ҶТ нисбати  таѓйирдиҳии тарифҳои хизматрасонӣ дар нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ таъкид гашт, ки  аз 1 июни соли 2011 тарифҳои нав дар шаҳри Душанбе муқаррар карда хоҳад. Бояд хотиррасон намуд, ки тарифҳои мавҷуда аз 1 июни соли 2008 дар шаҳр амал дошта, дар ин муддат нархи сӯзишворӣ ва равѓанҳои молиданию қисмҳои эҳтиётӣ ба маротиб афзун гаштааст.  

Дар ин равобит боз як таѓйирот дар бахши чорабиниҳои фарҳангии  шаҳр ворид карда шуд, ки мутобиқ ба он аз 24 майи соли 2011 соати баргузории чорабиниҳои ҳамарӯзаи консертӣ барои истироҳату фароѓати сокинон бидуни таѓйирёбии макони чорабиниҳо соати 20-00 тасдиқ гардид.

Дар фарҷоми ҷаласа тибқи маъмулӣ аз тарафи М. Убайдуллоев  қабули шаҳрвандон сурат гирифт, ки дар ин зимн 18 нафар сокинони шаҳр пазируфта шуда, дар доираи салоҳияти роҳбарияти шаҳр ва тибқи муқаррароти қонунгузорӣ масъалаҳои ҳар кадоме баррасӣ карда шуданд.