Театри Опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ таърихи 70-сола дошта, яке аз театрҳои аввалини Душанбе ба ҳисоб меравад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
24 May 2011

Дар бораи тарифҳои ҳамлу нақли

мусофир дар  шаҳри  Душанбе

 

Бо мақсади муътадил гардонидани фаъолияти нақлиёти мусофирбари истифодаи умуми шаҳри Душанбе, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ, зиёд намудани музди меҳнати ронандагон бо дарназардошти боло рафтани нархи сўзишворӣ, кисмҳои эҳтиётӣ ва хулосаи Хадамоти зидиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №04-478 аз 13 майи соли 2011 мутобиқ ба талаботи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

Қарор мекунам:

 

 

1. Аз   1 июни соли 2011:

а) ҳаққи роҳкиро дар нақлиёти мусофирбари истифодаи умуми шаҳри Душанбе барои як мусофир тавассути:

- автобусҳо

 

-1,20 (як сомониву бист дирам);

- троллейбусҳо

-70 (ҳафтод) дирам;

- микроавтобуси ГАЗел (бо бензин)

-1,60 (як сомониву шаст дирам);

- микроавтобуси ГАЗел (бо гази моеъ)

-1,20 (як сомониву бист дирам);

- микроавтобуси  Хундай Старекс

-1,60 (як сомониву шаст дирам).

 

 

2.  Арзиши чиптаи моҳона аз  1 июни соли 2011:

- барои донишҷўён, тавассути:

а) автобусҳо

 

- 28 (бисту ҳашт) сомонӣ;

б) троллейбусҳо

 

- 21 (бисту як)      сомонӣ;

в) ягона (автобус-троллейбус)

- 32 (сиву ду)         сомонӣ;

-барои дигарон тавассути:

 

-автобусҳо

- 36 (сиву шаш)   сомонӣ;

-троллейбусҳо

- 27 (бисту ҳафт) сомонӣ;

-ягона (автобус-троллейбус)

- 42 (чилу ду)       сомонӣ

муқаррар карда шавад.

 

3. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе (Кенҷаев Д.М.) дар ҳамкорӣ бо шўъбаи нақлиёт, нигоҳдории роҳ ва коммуникатсияи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе бо дарназардошти баланд гардидани нархи роҳкиро фарқияти субсидияи шахсони имтиёздорро дар доираи маблаѓҳои барои соҳаи нақлиёт дар буҷети соли 2011 тасдиқгардида, тибқи тартиби муқарраргардида ба Корхонаҳои коммуналии воҳиди давлатии «Автобус-1», «Автобус-2», «Автобус-3» ва  «Троллейбус» пардохт намояд.

 

4. Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенаклиёт-хадамотрасон» -и  шаҳри  Душанбе (Шералиев А.Б.)  дар  мўҳлати  то  1 июни соли 2011:

- тибқи тартиби муқарраргардида ҷиҳати мукаммалгардонии дараҷаи муҳофизи чиптаҳои ягонаи моҳона аз сохтакорӣ дар автобусҳою троллейбусҳо тадбирҳои зарурӣ андешида, фуруши онҳоро дар шакли нав ба роҳ монад;

- таҷҳизонидани микроавтобусҳои бо гази моеъ фаъолият-кунандаро дар хатсайрҳои шаҳри Душанбе новобаста аз шакли моликияташон  бо аломатҳои фарқкунанда, таъмин намояд.

 

5. Бинобар қабули Қарори мазкур Қарори Раиси шаҳри Душанбе №255 аз 27 майи соли 2008 «Дар бораи тарифҳои ҳамлу нақли мусофир дар шаҳри Душанбе» бекор карда шавад.

 

6. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

 

7. Котиби матбуотии Раиси шахри Душанбе инъикос ва рафти иҷрои Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

 

8. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовинони Раиси шаҳри Душанбе Оев А.М. ва Сафаров С. гузошта шавад.

 

                                                                                   

                                                                                  М. УБАЙДУЛЛОЕВ