Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
31 May 2011

1 июни соли 2011 дар доираи нақшаҳои шаҳрдорӣ оид ба таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар Боғи кӯдакони пойтахт чорабинии идона доир карда мешавад. Барои истироҳату фароғати  кӯдакону наврасон дар боғи мазкур  намоиши беҳтарин расмҳо ва аксҳои кӯдакони шаҳр, мусобиқаҳои варзишию бозиҳои шавқовар ва консерти дастаҳои ҳаваскорони муассисаҳои таълимии ноҳияҳои пойтахт  ташкил мегардад.

Чорабиниҳои мазкур зери масъулияти Раёсати маорифи шаҳр ва сохторҳои дахлдори он  ва  Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак дар шаҳри Душанбе сурат мегирад.