Маркази барқу гармидиҳии -2 Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
2 June 2011

Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қарори Раиси шаҳри Душанбе №251 аз 24 майи соли 2011 «Дар бораи тарифҳои ҳамлу нақли мусофир дар  шаҳри  Душанбе»

                              Баҳри дастгирии иҷтимоии ша     ҳҳрвандоне, ки аз хизматрасонии нақлиёти коммуналӣ ва истифодаи умуми мусофиркашонӣ дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе истифода мебаранд ва қабл аз ҳама сокинони шаҳри Душанбе, новобаста аз воқеияти реалии болоравии нархи сўзишворӣ, қисмҳои эҳтиётӣ ва қувваи барқ бо истифода аз дифференсиатсиякунонии пардохти роҳкиро дар нақлиёти мусофирбари шаҳри Душанбе, ҳимояи ҳуқуқи мусофирон ва амалисозии фаъолияти мушаххас оид ба таъмини сатҳи зарурии  хизматрасонӣ дар наклиёти истифодаи умум мутобиқ ба талаботи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 Қарор мекунам:

 Ба Қарори Раиси шаҳри Душанбе №251 аз 24 майи соли 2011 «Дар бораи тарифҳои ҳамлу нақли мусофир дар шаҳри Душанбе» тағйиротҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Банди 1 Қарори мазкур ба таври зайл ифода карда шавад:

 «1. Аз 1 июни соли 2011:

а) бо назардошти дифференсиатсиякунонии пардохти ҳаққи роҳкиро  дар заминаи хатсайрҳои микроавтобсуҳои  №№ 1, 2,  8, 10, 14, 16, 18, 19, 25, 28, 33, 54  хатсайрҳои нави   1А, 2А, 8А 10А, 14А, 16А 18А 19А 25А, 28А, 33А,54А ташкил карда шаванд. ва ҳаққи роҳкироҳои амалкунанда дар нақлиёти мусофирбари истифодаи умуми шаҳри Душанбе барои як мусофир тавассути автобусҳо дар хатсайрҳои №№3А, 11, 14, 20, 23, 26, 27, 30 -  60 (шаст) дирам,  микроавтобусҳои ГАЗел ва Хундай Старекс (бо бензин ва сўзишвории дизелӣ) дар хатсайрҳои №№ 4, 5, 7, 11, 12, 13, 15, 17, 21, 22, 24, 26, 34, 43, 44, 52, 55, 67 - 1 (як) сомонӣ ва микроавтобусҳои ГАЗел (бо гази моеъ) дар хатсайрҳои №№ 5 ва 22 - 70 (ҳафтод) дирам бетағйир нигоҳ дошта шаванд;

б) нархи роҳкиро барои як мусофир бо назардошти дифференсиатсия шудани нархҳо:

·        дар хатсайрҳои микроавтобусҳои №№ 1, 1А, 2, 2А, 8, 8А, 10, 10А, 14, 14А, 16, 16А, 18, 18А, 19, 19А, 25, 25А, 28, 28А, 33, 33А, 54, 54А - 80 (ҳаштод) дирам;

·        дар автобусҳои хатсайрҳои №№1, 2, 6, 7, 8, 8А, 13, 18, 28, 37, 41 - 1,20 (як сомонию бист дирам);

·     дар микроавтобусҳои хатсайрҳои №№ 18 ва 18А - 60 (шаст) дирам  ба роҳ монда шавад.

в)  нархи роҳкиро барои як мусофир дар  троллейбусҳо – 70 (дирам) муқаррар карда шавад».

 

2. Ба Қарори мазкур бандҳои нав бо мазмуни зайл илова карда шаванд:

«5. Роҳбарони корхонаҳои коммуналии нақлиётӣ ва ҷамъиятҳои ба мусофиркашонӣ машғулиятдошта зимни омўзиш ва дархости мусофирон дар ҳолати зарурат дар хатсайрҳои мусофиркашонӣ бо истифода аз микроавтобусҳое, ки дар хатсайрҳои №№ 1,2, 8, 10,14, 16, 18,19, 25, 28, 33, 54, ки аз 13 то 18 км масофа доранд, «экспресс №№: 1+1А, 2+2А, 8+8А, 10+10А, 14+14А, 16+16А, 18+18А, 19+19А, 25+25А, 28+28А, 33+33А, 54+54А» ва  автобусҳо дар хатсайрҳои №№ 1, 3А, 8, 18, 37, ки аз 10 то 19 км масофа доранд, «экспресс №№ 1, 3А, 8,  18, 37», мутаносибан бо тарифи 1 сомонию 60 дирам,  1 сомонию 20 дирам  ва микроавтобуси ГАЗел (бо гази моеъ)  дар хатсайри  №18, «экспресс № 18+18А» - 1 сомонию 20 дирам  бе тавақкуф аз нуқтаи аввал то охири хатсайр  ва дар сурати аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳҳою донишкадаҳои олӣ ва донишҷўёни ҳудуди шаҳр ворид шудани пешниҳодҳои асоснок оид ба ташкили хатсайрҳои алоҳидаи автобусҳои  экспресс  чораҳои амалӣ андешанд.

6. Баҳри ҳимояи ҳуқуқи мусофирон аз 1 июни соли 2011 дар ҳама намуди нақлиёти ҷамъиятӣ, новобаста аз шакли моликияташон, бо насби рақами хатсайри дар он арзиши роҳкиро аз ду ҷониб дарҷгардида, дар дохили нақлиёт нақшаи ҳаракату масофаи хатсайр, ҳангоми фаъолияти нақлиёт бо истифода аз  гази моеъ дар дохил ва беруни он гузоштани аломати муайянкунанда ва телефонҳои корхона ё ҷамъиятҳои хизматрасон, ҳамчунин фурўши чиптаҳо зери масъулияти роҳбарони корхонаҳо ва ҷамъиятҳои ба мусофиркашонӣ машғулиятдошта ташкил ва нисбати татбиқи муқаррароти мазкур назорати қатъии ҷамъиятӣ таъмин карда шавад.

 7. Муқаррар карда шавад, ки барои таъмини иҷрои  талаботҳои Қарори мазкур Ситоди шаҳрӣ бо телефонҳои боварии шабонарўзии 223-22-14, 221-26-95 ва 221-28-65 зери масъулият ва роҳбарии муовини соҳавии Раиси шаҳри Душанбе Оев А.М. таъсис дода, ҳамзамон вазифадор гардад, ки дар сурати нисбати дилхоҳ хатсайр оид ба риоя нагардидани сатҳи зарурии хизматрасонӣ унвонии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе  ворид гардидани шикояти асоснок, хатсайрро аз ҷамъият ё корхонаи коммуналӣ гирифта, ба дигар ширкатҳои литсензияи фаъолиятдошта вобаста намояд.

8. Муовини Раиси шаҳри Душанбе (Сафаров С.) барои таъмин намудани корхонаҳои коммуналӣ ва ҷамъиятҳои хусусии ба мусофиркашонӣ машғулбуда бо дирами тангавӣ тавассути системаи  бонкҳо мусоидат намояд.

9. Тибқи дархости Раиси шаҳр дар асоси мувофиқа баҳри ташкили фаъолияти пурсамари субъектҳои хизматрасон дар радифи Комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба мусоидат ба шуғли аҳолӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва рушди соҳибкорӣ (Ҳабибов А.Ҳ.) хатсайрҳои микроавтобусҳои №№1, 2, 4, 44, 7, 8, 10, 25, 33, 52 ва оид ба масъалаҳои меъморӣ, шаҳрсозӣ, сохтмон ва ободонӣ (Абдурасулов А.) хатсайрҳои микроавтобусҳои №№13, 14, 15, 16, 17, 18, 19, 28, 54 назорати ҷамъиятӣ дар таносуби хатсайрҳо бо роҳбарони аввали сохторҳои шаҳрии ҳизбҳои сиёсии дар шаҳр фаъолиятдошта, ба кумитаҳои шаҳрии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон- Ҷамшед Саидов, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии № 61 хатсайрҳои микроавтобусҳои №№ 5, 67, 11, 12, 21, 26, 22, 24, 34, 55, Ҳизби коммунисти Тоҷикистон – Субҳон Сафиалоев, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии № 20 хатсайрҳои автобусҳои №№3А, 11, 14, 20, 23, Ҳизби демократи Тоҷикистон – Хайрулло Абдуллоев хатсайри автобуси №30, Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон – Зариф Наимов хатсайри автобуси №27 ва Ҳизби ислоҳоти иктисодии Тоҷикистон – Шамсиддин Ҷалолов, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии № 43 хатсайри автобуси №26 ва хатсайрҳои микроавтобсуҳои сектори хусусӣ ба зиммаи радиоҳои «Азия-Плюс» ва «Ватан» ва хатсайрҳои хизматрасонии корхонаҳои коммуналии «Автобус-1», «Автобус-2», «Автобус-3» ва «Троллейбус» ба рўзномаҳои «Вечерний Душанбе»  ва «Вечёрка»  вобаста карда шавад».

3. Бандҳои 5, 6, 7 ва 8 Қарори мазкур мутаносибан 10, 11, 12 ва 13 ҳисобида шаванд.

                                                                                     М. УБАЙДУЛЛОЕВ