Меҳмонхонаи панҷситорадор «Hyatt Regency» соли 2008 кушода шуд ва дар маркази Душанбе – соҳили кӯли Ҷавонон ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
3 June 2011

Имрӯзҳо Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев  бо даъвати Мири шаҳри Москваи Федератсияи Россия - Сергей Собянин аз 23 майи соли 2011, бо мақсади  боздиди дӯстона дар шаҳри Москва аз 2 то 4 июни соли 2011 сафари хизматӣ анҷом медиҳад.

Дар доираи ин сафар Маҳмадсаид Убайдуллоев нахуст 2-юми июн бо вазири Ҳукумати Москва, роҳбари  Департаменти шаҳри Москва оид ба иқтисоди беруна ва робитаҳои байналхалқӣ ҷаноби Черемин Сергей Евгеньевич мулоқот анҷом дода, масоили дар шакл ва сатҳи наву густурда роҳандозӣ намудани ҳамкориҳоро, пеш аз ҳама дар соҳаи инноватсия  мавриди баррасӣ қарор дод.

3 июни соли 2011 М. Убайдуллоев бо раиси Кумитаи меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Москва, сармеъмори шаҳри Москва - Кузьмин Александр Викторович вохӯрӣ намуда, дар робита ба ҷалби потенсиали меъморони шахри Москва оид ба тасҳеҳи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе ва тарҳрезии лоиҳаҳои муосири меъморӣ, ки таҷассумкунандаи арзишҳои миллӣ ва ҷаҳонӣ бошанд табодули назар намуда, дар ин зимн даъват ба миёновард, ки бо назардошти омилҳои мазкур, ки феълан татбиқи Нақшаи генералӣ дар хиёбони Рӯдакӣ оѓоз гардидааст, фаъолона ширкат варзанд.

Нимаи дуюми ҳамин рӯз Маҳмадсаид Убайдуллоев бо ҳамтои худ - Сергей Собянин мулоқоти дӯстона ва самимӣ анҷом дода, бо изҳори қаноатмандӣ аз даъват ва пазироӣ масаълаҳои дар сатҳи нав тақвиятбахшии робитаҳои мавҷуда дар соҳаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, илмию фарҳангӣ ва гуманитарию инноватсионӣ миёни Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва Ҳукумати шаҳри Москваро таҳлилу баррасӣ намуданд.

 Ҳамзамон ҷонибҳо, ки дар таъсис ва фаъолияти пурсамари ташкилоти Ассамблеяи байналхалқии пойтахтҳо ва шаҳрҳои бузург (МАГ) аз соли 1998 чун муассис  баромад мекунанд ва дар ташкилоти мазкур М.Убайдуллоев аз соли 2002 ноиби Президент интихоб шудааст, масъалаҳои нерӯбахшии фаъолияти ин созмони бонуфузро бо инобати реалият ва имконияти ҳамкориҳо ба нафъи шаҳрҳои аъзои созмон муҳокима намуда, дар таҷдиди назар оид ба ҳамкориҳо ба мувофиқа расиданд.

Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ва созанда ба итмом расид.