Осорхонаи нави миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
9 June 2011

8  июни соли 2011 дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи Шўрои Маҷлиси миллӣ баргузор гардид.

         Дар ҷаласа аъзои Шўро 37 масъалаҳоро бо инобати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як зумра Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо мақсади такмилу мукаммалгардонӣ ва мутобиқсозии ҳар кадоми онҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда, ки  аз ҷониби субъектҳои  ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ таҳия гашта, баъд аз баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ унвонии Маҷлиси миллӣ пешниҳод гардидаро мавриди муҳокима қарор доданд.

          Аз ҷумла, аъзои Шўро 7 қонунҳои наву мукаммали Ҷумҳурии Тоҷикистонро, аз қабили «Дар бораи амният», «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда», «Дар бораи барҳам­ди­ҳии ташкилотҳои қарзӣ», «Дар бораи Бонки Миллии Тоҷикистон», «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи бозори коғазҳои қиматнок» ва «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро бо ҷонибдории лоиҳаи Қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тағйир додани номҳои деҳоти «Янгиобод», деҳоти «Роҳи Ленин» ва деҳоти «Оқгаза»-и ноҳияи Вахши вилояти Хатлон», «Оид ба Нақшаи чорабиниҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2011 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар масъалаҳои матраҳгардида,  ҳар кадоми онҳоро ҷиҳати баррасӣ ба рўзномаи иҷлосияи панҷуми  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум, ки пагоҳ 9 –уми  июн  баргузор мегардад,  шомил намуданд.