Биноҳои истиқоматӣ ва маъмурии лоиҳаи «Диёри Душанбе»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
17 June 2011

Дар    бораи   даъват   намудани   иҷлосияи  шашуми  Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати чорум

 

Мутобиқ ба талаботи моддаҳои 12, 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

           1. Иҷлосияи шашуми   Маҷлиси   вакилони   халқи  шаҳри Душанбе даъвати  чорум   30  июни соли 2011  соати  8 - 00    дар  толори   Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази равобити пойтахт» даъват карда шавад.

           2.Ба рӯзномаи иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати чорум  масъалаҳои зерин дохил карда шаванд:

          2.1.Дар бораи гузориши Раиси Комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва тасдиқ намудани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаҳои интихоботии №23 ва №57.

         2.2.Дар бораи  омодагии шаҳри Душанбе ба  ҷашни 20 - солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави Қарори Раиси шаҳри Душанбе №553 аз 31 октябри соли 2008 «Дар бораи омодагӣ ба ҷашни 20 - солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон».

         2.3.Ҳисоботи муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳимова С.Ҳ.  дар бораи натиҷаи татбиқи  Барномаи ислоҳоти соҳаи тандурустии шаҳри Душанбе барои солҳои 2003-2010.

2.4.Ҳисоботи раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои гендерӣ, тандурустӣ, ҳифзи модар ва кӯдак  Каримова М.Х. доир ба фаъолияти Комиссия.

         2.5.Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №8 Муминов Б.Ғ.  оид  ба иҷрои ваколатҳои худ.

         2.6.Дар бораи интихоб намудани раисони комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои

-  нақлиёт, коммуникатсия ва беҳдошти роҳҳо;

         -  илм, инноватсия, маориф ва фарҳанг.

          2.7.Дар бораи  тасдиқ намудани  Қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе.

          3.Оид ба омода намудани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия гурӯҳҳои корӣ дар ҳайати замимагардида, ки ба он дар асоси мувофиқа раисони комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе шомил гардидаанд, таъсис дода шавад.

         4.Аз вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе хоҳиш карда шавад, ки дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯрӣ гузаронида, аз натиҷаи он пешниҳодҳои мушаххасро ба гурӯҳи корӣ оид ба омода намудани масъалаҳои иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати чорум ирсол намоянд. 

5.Шӯъбаҳои марбутаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, котиби матбуотии Раиси  шаҳри  Душанбе  тибқи  тартиби  муқарраргардида  мазмуну мундариҷаи

Қарори мазкурро ба ташкилоту муассисаҳо ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр расонида, таклифу пешниҳодҳои вобаста ба иҷлосия баёнгардидаро ҷамъбаст ва ба Раиси шаҳри Душанбе манзур намоянд.

         6.Назорати иҷрои Қарори мазкурро ба зиммаи худ  мегузорам.

                                                                                        М.УБАЙДУЛЛОЕВ