Кохи парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҷлиси Олӣ дар майдони «Дӯстӣ», дар маркази шаҳр ҷойгир аст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
20 June 2011

20 июни соли 2011 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба баррасии масоили мубрами хоҷагидории шаҳр ва натиҷагирӣ аз рафти корҳои ободонӣ  ва омодагиҳо ба чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе – Рӯзи ваҳдат ва 20-солагии Истиқлолият таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев  бо иштироки васеи роҳбарони сохторҳои марбутаи шаҳрию ноҳиявӣ, фаъолони пойтахт, раисони комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва намояндагони воситаҳои ахбори омма доир карда шуд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев қабл аз ҳама таваҷҷӯҳи  масъулинро ба сатҳ ва сифати хизматрасонӣ дар ҳама намуди фаъолияти хизматрасониҳои ба сокинон дар марзи маъмурии шаҳр чӣ аз ҷониби субъектҳои коммуналӣ ва хусусӣ пешниҳодшаванда  нигаронида, дастур фармуд, ки барои баланд бардоштани сатҳи онҳо зери масъулияти роҳбарони субъектҳои хоҷагидорӣ ва рафъи камбудиҳои ҷойдошта назорати ҷамъиятӣ пурзӯр карда шаванд.

Дар ин зимн бо хулоса аз фаъолияти воситаҳои ахбори омма, ки дар асоси Қарори марбутаи Раиси шаҳр назорати ҷамъиятиро дар хатсайрҳои алоҳидаи вобастагардидаи нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ дар ҳамкории пайваста бо Ситоди шаҳрӣ анҷомдодаанд, изҳори сипосмандӣ намуда, даъват ба миён овард, ки ҳамчун ниҳоди ҷомеаи шаҳрвандӣ фаъолияташонро боз ҳам дар ин самт тақвият бахшанд.

Бобати ташкили назорати шаффоф  ва воқеъбинона аз ҷараёни татбиқи барномаҳо ва таҳияи ҳисобтҳои дар сатҳи иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҷониби масъулин ба баррасии рӯзнома пешниҳодшаванда Маҳмадсаид Убайдуллоев дастур фармуд, ки минбаъд корҳои санҷишии қаблӣ аз ҷониби намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ҷалбгардида амалӣ карда шуда, ахбори расмии натиҷаи фаъолият ба унвонии Раиси шаҳр манзур карда шаванд.

Бо дарназардошти тақвият бахшидан ба фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳамкориҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар шаҳри Душанбе, ки аз соли 2003 дар шаҳр амал мекунад, аз ҷумла муқаррар сохт, ки бо инобати боз ҳам дар татбиқи барномаҳои шаҳрдорӣ фаъолтар сохтани иштироки онҳо ва таҷдиду ихтисор гаштани субъектҳои аъзо, дар ҳайати он   таѓйирот ворида намуда, намояндагони воситаҳои ахбори оммаи  мустақили дар ин муддат дар фазои иттилооти пойтахт созмонёфта шомил карда шаванд.

Ҳамзамон дар ҷаласа масъалаҳои ҷараёни сохтмон дар иншооти ҷашнӣ ва бо сифату ҷавобгӯи меъёрҳои сохтмонӣ дар мӯҳлатҳои муқарраргардида ба истифода додани онҳо аз ҷониби фармоишгарон ва ѓановати бозори истеъмолӣ баррасӣ гардида, муқаррар карда шуд, ки чорабинии театрикунонидашудаи фарҳангӣ зери унвони «Файзи ваҳдат» 26 июни соли 2011, соати 19-00 дар КВД «Наврӯзгоҳи пойтахт» баргузор карда шавад.