Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
4 July 2011


4 июли соли 2011 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе зери раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Ҷаласаи мазкур ба баррасии масъалаи ҳолати воқеии намои берунаи бинову иншооти дар шафати  кӯчаҳои протоколии шаҳр ҷойгирбуда, вазъи экологию санитарӣ ва ободонии ҳудуди фарогири онҳо бахшида шуд.

Дар ҷаласа дар асоси санҷиши анҷомдодаи гурӯҳҳои махсуси кории  зери роҳбарии вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе бо супориши Раиси шаҳр таъсисёфта аз вазъи кӯчаҳои  мавриди таваҷҷӯҳ наворҳои таҳиягашта бо иштироки роҳбарони соҳибтавозуни иншоотҳо, ки корҳои омодагӣ ба таҷлили сазовори ҷашни 20-солагии Истиқлолият дар онҳо бо дермонӣ  сурат гирифтааст ба риштаи таҳлил кашида шуд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев бо интиқод аз фаъолияти анҷомдодаи раисони ноҳияҳо дар ин самт ва роҳбарони субъектҳои соҳибтавозун бо ироаи дастурҳои қатъӣ барои рафъи камбудиҳои ҷойдошта ду ҳафта  мӯҳлат муқаррар намуда, гурӯҳҳои кориро муваззаф сохт, ки бо анҷоми санҷишҳои ҳамарӯза унвонии Раиси шаҳр ахборот манзур созанд.