Душанбешаҳр
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
4 July 2011

Бо назардошти татбиқи босамар ва мақсадноки марҳилаи аввали Лоиҳаи  обтаъминкунӣ дар шаҳри Душанбе бо маблаѓгузории Бонки Умумиҷаҳонӣ, тасмимҳои ҷонибҳо оид ба тарҳрезии ҳамкориҳо барои марҳилаи дуюми татбиқи Лоиҳаи мазкур бо натиҷаи нек анҷом пазируфт.

Тавре дар мактуби худ  намояндаи доимии Бонки Умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ҷаноби З.Караев унвонии Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев изҳор медорад, Шўрои Директорони Иҷроияи Ассосиатсияи Байнахалқии Рушд  маблаѓгузории марҳилаи дуюми Лоиҳаи  обтаъминкунӣ дар шаҳри Душанберо ба миқдори 10 млн 100 ҳазор Ҳуқуқи  махсуси қарздиҳӣ - баробарарзиш ба 16 млн доллари ИМА ҳамчун грант ҷонибдорӣ намуд.

  Маврид ба таъкид аст, ки тафоҳумоти мазкур дар асоси истодагариҳои шаҳрдорӣ дар мулоқотҳои қаблӣ бо ҷониби Бонки Умумиҷаҳонӣ самар додаанд ва навбати дуюми татбиқи Лоиҳа тўли панҷ сол азхудкунии 16 млн $ гранти бебозгашти Бонки Умумиҷаҳонӣ ва 3 млн $ маблаѓгузории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанберо дар бар гирифта, он хизматрасонии қарзии вазорати молияро дар ин самт  ихтисор менамояд.

Марҳилаи дуюми Лоиҳа баҳри ташкили фаъолияти самараноки КВД «Обу корези Душанбе» барои кам кардани талафот ва сарфаи оби истеҳсолшуда ба 76, 5 ҳазор муштариён (47%) насби ҳисобкунакҳои обӣ, беҳбудбахшии вазъи молиявӣ ва таъмини худмаблаѓгузорию рушди институтсионалӣ ва худидоракунии корхонаро дар бар хоҳад гирифт.