Маркази барқу гармидиҳии -2 Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
8 July 2011

Дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе №162 аз 11 марти соли 2011 ба ифтихори ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ баргузории Рўзҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар шаҳри Душанбе аз 16 апрели соли 2011 ҳар рўзҳои истироҳатӣ ба ҳукми анъана даромада, то ба имрўз 30 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мутаносибан дар боѓҳои «Дўстии Халқҳо»,  «Садриддин Айнӣ», майдони «800-солагии Москва» ва гулгашти ба номи Александр Мироненко дастовардҳои меҳнатӣ ва фарҳангии худро ба маърази тамоши сокинони пойтахт мегузоранд.

Пагоҳ 9 июли соли 2011  соати 8-00 тибқи нақшаи шаҳрдорӣ Рўзҳои ВМКБ дар Боѓи Ирам,  Қўрѓонтеппа дар Боѓи «Дўстии Ҳалқҳо»  ва Табошар дар гулгашти ба номи Александр Мироненко  доир карда мешавад. Марҳабо ба базмгоҳҳои шаҳрдорӣ!