Амфитеатр дар шаҳри Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
14 July 2011

Шаҳрдории Душанбе ҷиҳати аз рӯи таъинот ба роҳ мондани фаъолияти мӯътадили бозорхои коммуналии шаҳр, ки ба фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ихтисос доранд бо мақсади таъсир расонидан дар нигоҳдории нархи маҳсулоти ниёзи аввал, зиёд намудани нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти кишварзию агросаноатӣ ва маводи ѓизоӣ  ба Қарори дахлдори амалкунандаи Раиси шаҳри Душанбе нисбати ҷойгиршавӣ ва махсусгардонии бозорҳо дар ҳудуди шаҳри Душанбе аз 1 июли соли 2011  таѓйирот ворид намуд.

Тибки таѓйироти мазкур Корхонаи воҳиди давлатии «Бозори Шоҳмансур» аз 15 июли соли 2011 танҳо ба фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, агросаноатӣ ва маводи ѓизоӣ ихтисос дода мешавад.

Вобаста ба татбиқи ин муқаррарот  муовини соҳавии Раиси шаҳри Душанбе С. Сафаров  бо Раёсати корҳои дохилаи шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои марбута вазифадор шудаанд, ки барои фавран аз байн бурдани фурӯши маҳсулоти саноатӣ дар ҳудуди Корхонаи воҳиди давалтии «Бозори Шоҳмансур» дар ҳамкорӣ бо маъмурияти бозори мазкур чораҳои дахлдор андешанд.