Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
18 July 2011

18 июли соли 2011 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи ҷамъбасти рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Душанбе дар нимсолаи аввали соли 2011 бо иштироки фаъолони пойтахт баргузор гардид.

Зимни гузориши  муовини соҳавии Раиси шаҳри Душанбе Сайвалӣ Сафаров дар ҷаласа таъкид гардид, ки таҳлили ҷараёни тараққиёти иқтисодию иҷтимоии шаҳри Душанбе дар нимсолаи аввали соли 2011 нишон медиҳад, ки ҷиҳати татбиқи қонунҳо ва амалӣ гардонидани қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва Раиси шаҳри Душанбе болоравии нишондиҳандаҳои асосии иқтисодию иҷтимоӣ таъмин карда шуд.

Тибқи маълумоти фаврии оморӣ ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти минтақавии шаҳри Душанбе дар нимсолаи аввал 2830,5 млн. сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба нишондоди ҳамин давраи соли 2010 бо нархҳои ҷорӣ 106,5 фоиз (нимсолаи аввали соли 2010-ум 2141,7 млн. сомонӣ) ва саҳми он дар Маҷмӯи маҳсулоти умумии дохилии ҷумҳурӣ нисбат ба нишондоди ҳамин давраи соли 2010-ум 3,2 фоиз зиёд шуда, 25,4 фоизро ташкил намуд.

Воридоти андоз (бе назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ) аз рӯи маълумоти мақомоти андоз 487.6 млн. сомониро ташкил дода, иҷрои нақшаи аниқшуда 104 фоиз таъмин гардид.

Ҳаҷми боркашонӣ бо тамоми намудҳои нақлиёт бо назардошти соҳибкорони хусусӣ 2485,1 ҳазор тонна ва ҳаҷми мусофиркашонӣ 107,3 млн. нафарро ташкил дод, ки мутаносибан ба 168,3 ва 103,7 фоизи нишондодҳои ҳамин давраи соли 2010 баробар мебошанд.

Аз ҳисоби тамоми манбаъҳои сармоягузорӣ дар давраи ҳисоботӣ 72,1 млн. сомонӣ фондҳои асосӣ ба истифода дода шуда, 490,9 млн. сомонӣ маблағҳои асосӣ азхуд карда шуданд.

Гардиши савдои хориҷӣ 145,9 млн. доллари ИМА буда (115,3 фоизи нишондоди ҳамин давраи соли 2010), содирот ва воридот мутаносибан 27,6 млн. ва 118,3 млн. доллари америкоиро ташкил доданд.

Музди меҳнати миёнаи номиналии як корманд  дар моҳҳои январ-майи соли 2011-ум  805,58 сомониро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли 2010-ум (636,3сомонӣ) 126,6 фоиз зиёд аст.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби 209 корхона дар ҳаҷми 404,1 млн.сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шуд, ки нисбат ба  ҳамин давраи соли 2010 ба 115,9 фоиз баробар буда,  55,5 млн.сомонӣ зиёд мебошад.                                                                                                               

Таҳлили нишондиҳандаҳои фаъолияти сохторҳои соҳаи сохтмон дар нимсолаи аввали соли 2011 нишон медиҳад, ки дар доираи корҳои ба нақшагирифташуда, ҳаҷми умумии маблағгузорӣ 490,9 млн. сомонӣ, аз ҷумла корҳои сохтмону васлгарӣ 363,4 млн. сомониро ташкил дод. Ин нишондодҳо нисбати ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 311,9 млн. сомонӣ ва 207,2 млн. сомонӣ зиёд буда, мувофиқан 274,2% ва 232,6%-ро ташкил медиҳанд. Аз ин асосан 171,1 млн. сомонӣ ба Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе, 130,7 млн. сомонӣ ба Дирексияи сохтмонии объектҳои назди дастгоҳи иҷроияи Президент, 55,8 млн. сомонӣ ба Сарраёсати ободонии шаҳри Душанбе, 53,9 млн. сомонӣ ба маблағҳои инвеститсияи хориҷӣ, 24,7 млн.сомони ба ҷамъиятҳои масъулияташон маҳдуд, 12,8 млн.сомонӣ ба ҷамъиятҳои саҳҳомӣ, 2,3 млн. сомонӣ ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 12,6 млн. сомонӣ ба соҳибкорони инфиродӣ, 8,0 млн. сомонӣ ба Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, 4,2 млн. сомонӣ ба Бозрасии давлатии автомобилӣ, 3,8 млн. сомонӣ аз ҳисоби аҳолии шаҳри Душанбе барои сохтмони хонаҳои истиқоматӣ, 3,6 млн.сомонӣ ба Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 7,4 млн. сомонӣ ба дигар вазорату корхонаҳо рост меояд.

Маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ аз ҳисоби инвеститсияҳои дохилӣ ба 437,0 млн. сомонӣ баробар шуда, 89,0% ҳаҷми умумии маблағгузориро ташкил намуд. Сармоягузории хориҷӣ дар соҳаи сохтмон 53,9 млн. сомонӣ буда, ҳиссаи он дар ҳаҷми умумии маблағгузорӣ 11,0 фоизро ташкил медиҳад.

Фондҳои асосии ба истифодадодашуда, аз ҳисоби тамоми сарчашмаҳо маблағӣ 72,1 млн. сомониро ташкил медиҳанд, ки нисбати нишондодҳои ҳамин давраи соли гузашта 126,5 фоизро ташкил медихад.

Дар таносуб фондҳои асосӣ аз ҳисоби маблағҳои сармоягузорони зерин ба кор андохта шудаанд: аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ 62,6 млн. сомонӣ ё 86,8%, аз ҳисоби аҳолӣ 3,8 млн. сомонӣ ё 5,3%, аз ҳисоби ҷамъиятҳои дорои масъулияташон маҳдуд 0,6 млн. сомонӣ ё 0,8%, аз ҳисоби соҳибкорони инфиродӣ 1,1 млн. сомонӣ ё 1,5%, аз ҳисоби ҷамъиятҳои саҳоми  2,2 млн. сомонӣ ё 3,1% ва аз ҳисоби ширкатҳои хориҷи 1,8 млн. сомонӣ ё 2,5% дар шакли диаграмма чунин мебошад.  

Асосан, фондҳои асосӣ аз тарафи Сарраёсати ободонии шаҳри Душанбе ба маблағи16,3 млн. сомонӣ, Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 9,3 млн. сомонӣ, Дирексияи сохтмонии объектҳои назди дастгоҳи иҷроияи Президент ба маблағи 2,3 млн. сомонӣ, Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе ба маблағи 34,4 млн. сомонӣ, аз ҳисоби аҳолӣ ба маблағи 3,8 млн сомонӣ, аз ҳисоби инвеститсияи хориҷӣ ба маблағи 1,8 млн. сомонӣ,  аз ҳисоби ҷамъиятҳои саҳҳомӣ ба маблағи 2,2 млн. сомонӣ, аз ҳисоби ҷамъиятҳои масъулияташон маҳдуд ба маблағи 0,6 млн. сомонӣ, соҳибкорони инфиродӣ ба маблағи 1,1 млн. сомонӣ ва Муассисаи давлатии Маркази лоиҳаи обтаъминкунии шаҳри Душанбе ба маблағи 0,3 млн. сомонӣ ба кор андохта шуд.

Дар нимсолаи аввали соли 2011 дар шаҳри Душанбе 6564 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 8822 метри мураббаъ кам мебошад. Асосан, хонаҳои истиқоматӣ аз ҳисоби маблағҳои аҳолӣ сохта ба истифода дода шудаанд. Масоҳати умумии биноҳои истиқоматии сохта ба истифода дода шуда, дар ноҳияи Шоҳмансур – 838 метри мураббаъ ё 12,8 фоиз, дар ноҳияи Сино – 4042 метри мураббаъ ё 61,6 фоиз ва дар ноҳияи Фирдавсӣ - 1684 метри мураббаъ ё 25,6 фоизро ташкил медиҳад.

Дар 6 моҳи аввали соли 2011 аз тарафи 183 ташкилоти пудратӣ ба маблағи 280,6 млн. сомонӣ корҳои пудратӣ иҷро шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2010-ум 40 ташкилот ва маблағи 143,0 млн. сомонӣ ё 2,0 маротиба зиёд мебошад.

Шумораи кормандони дар соҳаи сохтмонии пойтахт машғулбуда 9154 нафар коргарро ташкил намуда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта (9049 нафар) 105 нафар ё 1,2% зиёд мебошад. Музди миёнаи меҳнат дар соҳа 1086,46 сомониро ташкил намуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 114,24 сомонӣ зиёд мебошад. Қарздорӣ аз музди меҳнат дар соҳа пурра аз байн бурда шуд.

Дар нимсолаи аввали соли 2011 аз ҷониби фармоишгар - Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе дар 27 иншоот корҳои сохтмонӣ ба роҳ мондааст. Азхудкунии маблағгузориҳои асосӣ дар ҳамин давра  177,1 млн.сомонӣ ва корҳои сохтмонӣ-васлкунӣ 146,5 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 2,9 ва 3,0 маротиба зиёд мебошад. То 1 июли соли 2011 ба маблағи 34,3 млн. сомонӣ фондҳои асоси ба истифода дода шуд.

 Дар давраи ҳисоботӣ корҳои сохтмонии иншоотҳои «Мактаби таҳсилоти умумӣ барои 660 ҷой дар маҳаллаи Камоли Хуҷандӣ, «Сохтмони корпуси иловагӣ барои 640 ҷой дар худуди мактаби таҳсилоти умумии № 16 ноҳияи Шоҳмансур», «Сохтмони корпуси иловагӣ барои 320 ҷой дар худуди мактаби таҳсилоти умумии № 66-и ноҳияи Сино», «Сохтмони фаввораи, 4 дар боғи ӯстод Рудакӣ», «Омода намудани саҳнаи намоиши наврӯзӣ дар Муасиссаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтаҳт» ва «Бартарафкунии бозори Баракат» дар маҷмуъ бо арзиши умумии 35,9 млн. сомонӣ, пурра ба анҷом расида, аз тарафи комиссияҳои корӣ қабул гардида, ба коммиссияи давлатӣ пешниҳод шудаанд.

Мавриди зикр аст, ки дар доираи омадагиҳо ба ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон корхои сохтмонии иншоотҳои «Душанбе Плаза», «Боғи умумишаҳрӣ дар пойтахт», «Сохтмони корпуси иловагӣ барои 640 ҷой дар худуди мактаби № 98-и ноҳияи Сино», дар арафаи амҷомёбӣ қарор доранд.

Инчунин дар арафаи ҷашнгири «14 –умин солгарди Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» - 17 иншоот бо маблағи 68,9 млн.сомонӣ барои истифодабарӣ пешниҳод гардида, иловатан 45 иншоот то 1 сентябри соли 2011 бо маблағи 353,9 млн. сомонӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода мешаванд. Дар маҷмӯъ ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи июн то сентябри соли ҷорӣ 68 иншоот бо маблағи умумии 991,6 млн. сомонӣ барои истифодабарӣ пешниҳод мегарданд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев бо хулоса аз баррасии дастовардҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Душанбе дар нимсолаи аввали соли 2011 таъкид сохт, ки натиҷаҳои мавҷуда бо инобати потенсиали ҷамоатчигии пойтахт ҳанӯз ҳам талаботи шаҳрдориро қонеъ карда наметавонанд ва масъулинро дастур фармуд, ки то ҷамъбасти 9-моҳаи фаъолияти корӣ баҳри тақвияти дастовардҳо ва ташкили низоми бомароми хоҷагидории субъектҳои зери сарпарастияшон қарордошта, чораҳои воқеӣ андешанд. Дар ин равобит ба муовини Раиси шаҳри Душанбе С. Сафаров, сардори Раёсати андози шаҳри Душанбе Б. Лақаев, Сардори Муассисаи давлатии “Сарраёсати ободонии Макомоти иҷроияи маҳалли ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе” С. Бобоев бобати густариши фаъолият ва рафъи камбудиҳои ҷойдоштаи соҳавӣ то октябри  соли 2011 мӯҳлат муқаррар намуд.

Бо инобати баҳри рушди соҳаи саноати шаҳр дар арафаи ҷашни 20-солагии Истиқлолият дар пойтахт ба истифода додани заводҳои нави истеҳсоли ноқилҳои барқӣ ва фурӯзонаҳои каммасраф ҷиҳати гузоштани хишти аввали бунёди заводи истеҳсоли троллейбусҳо ва велосипед дар шаҳри Душанбе то ҷашни мазкур корҳои омодагӣ ҳамаҷониба роҳандозӣ карда шаванд.

Дар ҷаласа ҳамзамон рафти корҳои омодагӣ ба истиқболи сазовори ҷашни 20-солагии Истиқлолият мавриди баррасӣ қарор гирифта, гузоришҳои комиссияҳои депутатӣ аз ҳолати иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе №553 аз  31 октябри соли 2008 «Дар бораи омодагӣ ба ҷашни 20 - солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таносуби ноҳияҳои шаҳр шунида шуд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев бори дигар таваҷҷӯҳи фаъолони пойтахт ва кулли масъулинро ба тақвияти корҳои омодагӣ нигаронида, бо ин мақсад дастур дод, ки баргузории Рӯзҳои шаҳру ноҳияҳо дар шаҳри Душанбе то 31 июли соли 2011 ба анҷом расонида шавад. Ҳамзамон зикр сохт, ки чорабиниҳои идона дар санаи 9-уми сентябри соли 2011 тариқи зайл: соати 900 паради ҳарбӣ ва зери роҳбарии коргардон Н. Ҷалолв Раҳпаймоии ботантанаи сокинони пойтахт дар майдони “Дӯстӣ” ва соати 1900 намоиши театрикунонидашуда дар Варзишгоҳи марказӣ бо роҳбарии бадеии коргардон У. Раҷабов доир карда мешаванд.

Зимнан муқаррар сохт, ки инъикоси чорабиниҳои мазкур ҳамвора бо баргузории сайругашти оммавию маъракаҳои фарҳангӣ бо намоиш - фурӯши маҳсулоти қаннодӣ дар Боғҳои фарҳангии “Дӯстии Халқҳо”, ба номи С. Айнӣ, майдони 800-солагии Москва ва гулгашти ба номи А. Мироненко тавассути мониторҳои насб гардида ва дигар мониторҳои дар ҳудуди шаҳр фаъолиятдошта мустақиман таъмин карда шавад.

Инчунин бо дахли масоили ғановати бозори истеъмолӣ ва ташкили нуқтаҳои иловагӣ барои фурӯши маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ ва маводи ғизоӣ дар тамоми бозорҳои кишоварзии ҳудуди шаҳр новобаста аз шакл ва тобеияти идоравӣ аз 15 сентябри соли 2011 фурӯши маҳсулоти саноатӣ манъ дошташуда, фаъолияти нуқтаҳои савдои молҳои саноатии дар ҳудуди бозорҳо ҷойгирбуда тибқи ин муқаррарот роҳандозӣ гардад ва масъулин ҷиҳати дар ҳар як бозор кушодани мағозаҳои ба фурӯши моҳии зинда тахассусдошта унвонии Раиси шаҳр таклифҳо пешниҳод созанд.