Амфитеатр дар шаҳри Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
3 August 2011

Дар  бораи   гузаронидани  озмуни

«Беҳтарин тарабхона, меҳмонхона

 ва ошхона» дар шаҳри Душанбе

 

      Бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин раванд расидан ба ҳадафҳои рақобатпазиргардонии меъёрҳои байналмилалии маданияти хизматрасонӣ, алалхусус баланд бардоштани мавқеъ ва нақши соҳибкорон дар ҷомеа, таблиғоти таҷрибаи беҳтарин навовариҳо, ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо, инчунин, рушди минбаъдаи соҳибкории хурду миёна дар шаҳри Душанбе, таҳкими муносибатҳои судманд бо сектори хусусӣ ва муҳайё намудани шароити созгор барои ҷалби сармоягузорони ватанӣ ва бо назардошти Протоколи машварати кории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №1/с 22-4 аз 26-уми апрели соли 2011, мутобиқ ба талаботи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаҳои 22-23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

 

  ҚАРОР МЕКУНАМ:

1.    Дар сатҳи шаҳр аз 30 июл то 20 августи соли 2011 озмуни «Беҳтарин тарабхона, меҳмонхона ва ошхона» байни соҳибкороне, ки дар тарабхона, меҳмонхона ва ошхонаҳои шаҳри Душанбе фаъолият доранд, гузаронида ва на дертар аз 25 августи соли 2011 натиҷаи ҷамъбасти он пешниҳоди аҳли ҷомеа гардонида шавад.

2.    Комиссияи озмуни шаҳрӣ таҳти унвони«Беҳтарин тарабхона, меҳмонхона ва ошхона» дар ҳайати замимагардида (замимаи №1) таъсис дода шуда, Низомномаи он (замимаи №2) тасдиқ карда шавад. Ҳамзамон комиссияи мазкур корҳои вобаста ба эълон, ташкил, баргузорӣ ва ҷамъбасти озмунро дар ҳамкорӣ ва истифода аз имкониятҳои воситаҳои ахбори оммаву ташкилотҳои ғайридавлатӣ ба роҳ монда, ҷиҳати даъвати довталабон ва ҷолибнокии озмун чораҳои заруриро амалӣ созад.     

3.    Муқаррар карда шавад, ки:

- пардохти хароҷоти ташкили баргузорӣ ва ҷамъбасти озмун, инчунин дарёфти мукофотҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои ғолибон аз ҳисоби маблағҳои махсуси Раёсати дастгирии давлатии соҳибкорӣ, сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва ҷалби маблағҳои сарпарастон сурат мегирад;

- ғолибони озмун аз рўи ҷамъбасти ҳар як намуди фаъолият бо Ифтихорномаи шаҳри Душанбе дар соҳаи хизматрасонии намунавӣ сарфароз гардонида, оид ба дастовардҳояшон дар васоити ахбори электронию чопии шаҳр маълумоти зарурӣ ба табъ расонида мешавад.     

4.     Раёсати дастгирии давлатии соҳибкорӣ, сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар шаҳри Душанбе, Маркази дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ дар шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе», сохторҳои марбутаи ҷумҳуриявӣ ва Тоҷикматлубот таклифу пешниҳодҳояшонро ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани озмуни «Беҳтарин тарабхона, меҳмонхона ва ошхона» дар шаҳри Душанбе ба комиссияи шаҳрӣ ирсол намоянд.   

5.    Шўъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе тартиби гузаронидани маросими ҷамъбасти тантанавии озмуни «Беҳтарин тарабхона, меҳмонхона ва ошхона» дар шаҳри Душанберо таҳия намуда, барои мувофиқа ба Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод намояд.

6.    Котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе инъикоси рафти иҷрои Қарори мазкурро тавассути ахбори омма таъмин намояд.

7.    Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

8.    Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Сафаров С. гузошта шавад.

 

М. УБАЙДУЛЛОЕВ

 

Замимаи №2

Ба Қарори Раиси шаҳри Душанбе

№ 360 аз  28 июли соли 2011