Биноҳои истиқоматӣ ва маъмурии лоиҳаи «Диёри Душанбе»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
8 August 2011

Бо ин мақсад аз ҳисоби маблағҳои  озоди буҷети шаҳр ва фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе   2172200 (ду миллиону яксаду ҳафтоду ду  ҳазору дусад) сомонӣ ба муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ҷудо карда шуд.

Тибқи ин иқдоми шаҳрдорӣ ба 202 нафар иштирокчиён Ҷанги Бузурги Ватании солхои 1941-1945  ба андозаи 600 сомонӣ,  ба 123 нафар шахсони бо ордену медалҳои ИҶШС барои меҳнати фидокорона ё хизмати бенуқсони ҳарбӣ дар акибгоҳ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ сарфарозгардида ба ҳар кадоме 500 сомонӣ, 414 нафар шахсоне, ки зиёда аз шаш моҳ дар акибгоҳ кор кардаанд, 3 нафар муҳосирабудагони шаҳри Ленинград, 118 нафар маъюбони амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар (Афғонистон), 169 нафар маъюбони рафъи садамаи нерўгоҳи барқӣ-атомии Чернобил, 296 нафар оилаи шахсоне, ки ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалок гардидаанд, 6  нафар  ҳамсарони ҷанговарони дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳалокгардида ва 928 нафар оилаҳои шаҳри Душанбе, ки дар онҳо аз ду нафар зиёд маъюб зиндагӣ  мекунад ба ҳар кадом ба андозаи 450 сомонӣ   ва  ба 2798 нафар кормандони Раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои пойтахт ба ҳар кадоме 400 сомонӣ кўмакпулии яквақта дода мешавад.

Дар ин росто муовини якум ва муовинони  Раиси шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо раисони ноҳияҳои шаҳр  вазифадор гардидаанд, ки маблағҳои мазкурро ба категорияҳои зикргардида, пеш аз ҳама бо  аёдати шахсӣ  ба  иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солхои 1941-1945 на дертар аз 18 августи соли 2011 дастрас намоянд.