Ҳайкали сардафтари адабиёти классикии тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар боғи ба номи ӯ ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
22 August 2011

22 августи соли 2011 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа муовинони Раиси шаҳр, раисони ноҳияҳо, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳрӣ, раисони Комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе  ва масъулини дигар сохторҳои шаҳрӣ ширкат варзиданд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев бо инобати рӯзҳои бошумор мондан дар истиқболи 20-солагии Истиқлолият ва итмомрасии иҷрои нақшаи чорабиниҳои шаҳрдорӣ оид ба 900- рӯзи ободонӣ дар ин самт  бо қотеият ва раҳнамоӣ  дастур фармуд, ки тибқи таҷрибаи дар шаҳр роиҷгардида корҳои омодагӣ чӣ дар иншооти ба истифодадиҳанда, ё худ  иншоотҳои ба ин муносибат бунёдашон оѓозшаванда ва дар маҷмӯъ дар тамоми қаламрави шаҳр бо ҳисси баланди масъулиятшиносиву ҷавобгӯи ифтихормандӣ аз сокини пойтахт будан роҳандозӣ  карда шавад.

Зимнан, бо ироаи дастурҳои қатъӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  оид ба андешидани чораҳо дар таъмини тартиботи ҷамъиятиву амнияти шаҳрвандон ва иштирокчиёни чорабиниҳои дар шаҳр доиршаванда, аз масъулини назорати давлатии  санитарию экологӣ ва дигар субъектҳои хизматрасон тақозо намуд, ки корҳои профилактикӣ ва фарогирии комили фаъолиятро пурзӯр намояд.