Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
27 September 2011

Ба таваҷҷӯҳи сокинони алоҳидаи ноҳияҳои И.Сомонӣ ва Шоҳмансур расонида мешавад, ки бо мақсади иҷрои корҳои таъмири асосии роҳи кӯчаи Дӯстии халқҳо, аз буриши кӯчаи С.Айнӣ то ҳалқаи роҳи мошингарди назди ҶСК «Комбинати хуроквории Тоҷикистон» баҳри пайваст намудани қубурҳои ивазгардидаи обтаъминкунандаи диаметрашон 300 мм  аз соати 8-00 28 –уми сентябр то соати 8-00 29 сентябри соли 2011 интиқоли оби нӯшокӣ мувақкатан дар қисматҳои алоҳидаи маҳаллаҳои аҳолинишини кӯчаҳои Дӯстии халқҳо, Беҳзод, Маҳамадулло Қурбонов ва бинои ҶСК «Комбинати хуроквории Тоҷикистон», воқеъ дар ноҳияи И. Сомонӣ ва маҳаллаҳои Бадахшон 1, 2, кӯчаҳои Дӯстии халқҳо, А. Аҳмадов, Репин ва Беҳзоди ноҳияи Шоҳмансур қатъ карда мешавад.

Аз шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки дар мӯҳлати як шабонарӯз миқдори зарурии оби нӯшокиро захира намуда, нисбати ин тадбирҳои таъмирӣ бо ҳусни тафоҳум муносибат намоянд.