Театри Опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ таърихи 70-сола дошта, яке аз театрҳои аввалини Душанбе ба ҳисоб меравад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
4 October 2011

Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – 5 октябр дар шаҳри Душанбе бо шукӯҳи тоза таҷлил карда мешавад. Дар ин хусус Раиси шаҳри Душанбе М. Убайдуллоев Қарори дахлдор ба тасвиб расонд, ки тибқи он 5-октябри соли 2011, соати 18-00 дар Боғи устод Рӯдакӣ бо ширкати аъзоён ва намояндагони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, зиёиён ва аҳли эҷоду сокинони пойтахт базми фарҳангӣ доир гардида, худи ҳамон рӯз соати 17-00 дар боғҳои фарҳангу фароғатии  «Дӯстии халқҳо», ба номи С. Айнӣ, Кӯли ҷавонон ва майдони 800-солагии Москва сайругашти оммавии шаҳрвандон, базмҳои шеъру суруд, намоиш ва фурӯши маҳсулоти қаннодӣ  ташкил карда мешаванд.

Марҳабо ба базмгоҳҳои шаҳрдорӣ!