Амфитеатр дар шаҳри Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
6 November 2011

5 ноябри соли 2011 таҳти раёсати Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ  доир   гардид, ки дар он масъалаҳои мубрами ҳаёти шаҳр мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Маҳмадсаид Убайдуллоев дар оғози ҷаласа оид ба вазъи обу ҳавои кишвар иттилоъ дода, ба масъулин нисбати тақвияти фаъолияти ҳамарӯза дар мавсими тирамоҳ ва зимистони пешорӯ, пешгирии  ҳодисаҳои  сӯхтор дастуру супоришҳои мушаххас дод ва  ҳамзамон ба масъалаи  таъминоти сокинони пойтахт бо нерӯи барқ, сарфакорона ва самаранок истифода бурдани қувваи барқ ва оби нӯшокӣ дахл карда, таъкид намуд, ки тариқи  ВАО-и шаҳрӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ оиди ин ва дигар масъалаҳои муҳимми иқтисодию иҷтимоӣ зимни вохӯриҳои роҳбарияти шаҳр дар шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияҳо таври мақсаднок васеъ ба роҳ монда шавад.

Маҳмадсаид  Убайдуллоев бо инобати арзишмандии нақшаҳои ободонии фарогири тамоми соҳаҳои шаҳрдорӣ, ки дар маҷмӯъ ба некӯаҳволии сокинони шаҳр нигаронида шудааст, комиссияҳои марбутаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанберо муваззаф сохт, ки фаъолияти худро нисбати супоришҳои дар иҷлосия ва ҷаласаҳои назоратӣ дода шуда, беҳтар намоянд ва баҳри таъмини волоияти қонун чораҳои таъхирнопазирро амалӣ созанд. Дар ҷаласа ҳамзамон ба масъалаҳои сохтмони биноҳои баландошёна дар хиёбони  Рӯдакӣ, ҳолати беҳдошти санитарию вазъи экологӣ, ободонӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ ва риояи қоидаҳои зиддисӯхторӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуд.

Раиси шаҳр ҳамчунин нисбати болоравии нарху навои маводи ғизоӣ дар бозорҳои шаҳр изҳори нигаронӣ карда, аз роҳбарони мақомоти  ҳифзи ҳуқуқ ва комиссияҳои ҷамъиятии доимамалкунандаи аз ҳисоби вакилони халқ ва институтҳои шаҳрвандӣ таъсисдодашуда, таъкид ба амал овард, ки назоратро нисбати коҳиш додани нарх дар бозори истеъмолӣ пурзӯр намоянд ва дар ин самт ба муовини Раиси шаҳр С.Сафаров ва комиссияҳои ҷамъиятӣ ҷиҳати ба низом даровардани фаъолияти бозорҳои коммуналии шаҳр, мақсаднок истифода бурдани маблағҳои қарзи барои харид ва захираи маҳсулоти кишоварзию маводи ғизоӣ ҷудо намуда то 15 декабри соли равон мӯҳлат муқаррар намуд. Ҳамчунин бо мақсади таъмини волоияти  қонун дар бахши сохтмон ва меъморӣ ва бартарафсозии сохтмонҳои ғайриқонунӣ таваҷҷӯҳи раисони ноҳияҳои шаҳрро ҷалб карда, аз мақомоти прокуратура хоҳиш намуд, ки оид ба ин масъала назорати  прокурориро пурзӯр намояд.

Зимнан бояд қайд кард, ки Раиси шаҳр оид ба дигар масъалаҳои марбут ба ҳаёти хоҷагидории пойтахт, аз қабили вазъи таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ, чароғонии кӯчаю хиёбонҳо, беҳсозии соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳангу иҷтимоиёт низ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод. Аз ҷумла таваҷҷӯҳи сардори ҶСК «Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе» С. Аттоев, сардорони раёсатҳои маориф ва тандурустӣ Г. Бобоева ва А. Темуров, шӯъбаи фарҳанги шаҳр Ш. Мӯсоева ва дигар шахсони масъул ба фавран анҷом додани корҳои ниҳоии омодагӣ тибқи қарорҳои дахлдори қаблан қабулгардида ҷалб карда шуда, таъкид гардид, ки шурӯъ  аз 15 ноябри соли равон иҷрои тадбирҳои андешида ба ин мавсими сармо аз ҷониби мақомоти прокуратура мавриди санҷиш қарор дода мешавад.

Ҳамчунин таваҷҷӯҳи масъулини соҳаи маорифи шаҳр ба он нигаронида шуд, ки ба масъалаи  сифати таълим ва тартибу интизом дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт диққати махсус дода, дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ассотсиатсияву кумитаҳои падару модарон ҷиҳати интизом ва ҷалби ҳарчи бештари мактабиён ба донишомӯзӣ, тадбирҳои судмандро дар самти баланд бардоштани масъулияти волидайн дуруст ба роҳ монанд.

Дар ҷаласа сардори Раёсати хадамоти назорати  давлатии барқ дар шаҳри Душанбе Р. Саидов бинобар сабаби аз меъёр зиёд шудани талафоти нерӯи барқ дар шаҳр аз мансаби ишғолӣ сабукдӯш гардида, ба ҳамаи муовинони Раиси шаҳр, раисони ноҳияҳо ва  роҳбарони сохторҳои шаҳрию мудирони шӯъбаҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе дастур дода шуд, ки барои иҷрои вазифаҳои хизматӣ потенсиали мавҷудаашонро баҳри пешрафти низоми хоҷагидории соҳаҳои фарогири масъулияти хизматиашон ба пуррагӣ сафарбар созанд.