Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
23 November 2011

Дар бораи муваққатан қатъ намудани интиқоли

қувваи барқ аз зеристгоҳҳои «Жуков»

ва «Истгоҳи обкашии Ҷанубӣ -Ғарбӣ»

          

Муроҷиати Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе» №2/7 – 3900-5461 аз 15 ноябри соли 2011-ро баррасӣ намуда, бо мақсади таъмини иҷрои нақшаи чорабиниҳои бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе №189-6 аз 14 апрели соли 2011 «Дар бораи чораҳои таъхирнопазири Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, сохторҳои мухталиф ва аҳли ҷамоатчигӣ ҷиҳати таъмини омодагии ҳамаҷониба ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2011-2012» тасдиқгардида, вобаста ба истифода супоридани Зеристгоҳи барқии навбунёд дар шаҳраки Гипрозем (110/10 кВ бо трансформатори қудратии 16000 кВА), мутобиқ ба талаботи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

                                              ҚАРОР МЕКУНАМ:

 

1.     Ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе» ҷиҳати муваққатан қатъ намудани интиқоли қувваи барқ аз зеристгоҳҳои «Жуков» ва «Истгоҳи обкашии Ҷанубӣ-Ѓарбӣ» иҷозат дода шавад.

2.     Ба инобат гирифта шавад, ки дар ҷараёни гузаронидани корҳои васлкунии зеристгоҳи навбунёд дар шаҳраки Гипрозем аз ҷониби Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе интиқоли қувваи барқ аз зеристгоҳҳои «Жуков» ва «Истгоҳи обкашии Ҷанубӣ-Ѓарбӣ» ва мувофиқан интиқоли оби нўшокӣ аз «Истгоҳи обтозакунии Ҷанубӣ-Ѓарбӣ» аз соати 9-00 то соати 11-00 рўзи 25 ноябри соли 2011 қатъ карда мешавад.

3.     Директори  ҶСК  «Шабакаҳои  барқии шаҳри Душанбе» Аттоев С.К. ва директори Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» Исупов Ф.А. тавассути воситаҳои ахбори омма ҷиҳати муваққатан қатъ намудани интиқоли қувваи барқ дар самти кўчаҳои Гипрозем, Нахимов, Навбаҳор, маҳаллаи Пахтакор, шаҳраки ҳарбиён ва интиқоли оби нўшокӣ дар шаҳракҳои 52, 53, 43, 65, 44, 24, 25, кўчаҳои Борбад, Фирдавсӣ, Н.Қарабоеви ноҳияи Фирдавсӣ ва шаҳракҳои 31, 32, 33, 34, 35, 82, 83, 84, 103, 104, кўчаҳои Нахимов, Миралӣ, Юсуф Вафо, Котовский, Пайрав Сулаймонӣ, Тургенев, Р.Набиев, маҳаллаҳои Меҳнатобод, Наврўз, Ҳаёти Нав, Конститутсияи ноҳияи Сино эълон пахш намоянд.

4.     Аз сокинони маҳаллаю кўчаҳои зикргардида хоҳиш карда мешавад, ки миқдори лозимаи оби нўшокиро захира намоянд.

5.     Раисони ноҳияҳои Сино-Сафаров З.А., Фирдавсӣ-Алиев С.А. ва директори КВД «Обу корези Душанбе» Исупов Ф.А. дар давраи қатъи интиқоли оби нўшокӣ, бо  истифода аз мошинҳои обкашӣ сокинони минтақаҳои номбурдаро бо оби нўшокӣ таъмин намоянд.

6.     Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе (Авѓонов З.Т.) ҷараёни таъмини аҳолӣ бо оби нўшокиро мутобиқ ба талаботҳои санитарӣ таҳти назорат қарор диҳад.

7.     Шўъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.Т.) инъикоси Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

8.     Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Хайруллоев Н. ва муовини Раиси шаҳри Душанбе Мансуров Ҷ.М. гузошта шавад.

                                                                      

      М. УБАЙДУЛЛОЕВ