Осорхонаи нави миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
1 December 2011

Дар    бораи   даъват   намудани   иҷлосияи

         ҳаштуми  Маҷлиси вакилони халқи шаҳри

         Душанбе даъвати чорум

                        

Мутобиқ ба талаботи моддаҳои 12, 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

ҚАРОР МЕКУНАМ:

 

           1. Иҷлосияи ҳаштуми   Маҷлиси   вакилони   халқи  шаҳри Душанбе даъвати  чорум   22 декабри  соли 2011  соати  8 - 00    дар  толори   Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази равобити пойтахт»  даъват карда шавад.

           2.Ба рӯзномаи иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати чорум  масъалаҳои зерин дохил карда шаванд:

          2.1.Ҳисоботи Раиси шаҳри Душанбе М.Убайдуллоев «Оид ба иҷроиши барномаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар соли 2011, нақшаҳои рушд, буҷети шаҳри Душанбе ва вазифаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои соли 2012 ва иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2010»

2.2.Дар бораи  тасдиқ намудани  Қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе.

          3.Оид ба омода намудани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия гурӯҳи корӣ дар ҳайати замимагардида дар асоси мувофиқа таъсис дода шавад.

         4.Аз вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе хоҳиш карда шавад, ки дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯрӣ гузаронида, аз натиҷаи он пешниҳодҳои мушаххасро ба гурӯҳи корӣ оид ба омода намудани масъалаҳои иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати чорум ирсол намоянд. 

5.Шӯъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе тибқи  тартиби  муқарраргардида  мазмуну мундариҷаи Қарори мазкурро ба ташкилоту муассисаҳо ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр расонида, таклифу пешниҳодҳои вобаста ба иҷлосия баёнгардидаро ҷамъбаст ва ба Раиси шаҳри Душанбе манзур намояд.

         6.Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Улмасов Ф.У. гузошта шавад.

                                                                                              

            М.УБАЙДУЛЛОЕВ