Маркази барқу гармидиҳии -2 Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
2 December 2011

Комиссияи тендерии Воҳиди хариди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе баҳри иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе №№ 474, 475 аз 22 ноябри соли 2011 «Дар бораи баргузории тендер» ҷиҳати интихоби пудратчии иншооти:

«Азнавсозии кӯчаи А.Навоӣ (аз буриши кӯчаи Б.Ғафуров то дарвозаи ғарбӣ)» ва «Азнавсозии кӯчаи Н.Қарабоев (қисмати шарқӣ ва ғарбӣ аз кӯчаи Ҷомӣ то кӯчаи Ҷанубӣ)»

 

ТЕНДЕР ТАРИҚИ ИШТИРОКИ НОМАҲДУД

ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

Дар тендер шахсони ҳуқуқии ватанӣ ва хориҷии тахассуси сохтмонӣ дошта иштирок карда метавонанд.

Довталабон бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:

1.     Оинномаи корхона;

2.     Иҷозатнома (литсензия) барои иҷрои корҳои сохтмону таъмирии роҳҳои автомобилгард ва маснуотҳои он;

3.     Кафолати таъмини пешниҳоди тендерӣ (кафолати бонкӣ);

4.     Гувоҳномаи нозироти андоз;

5.     Гувоҳномаи фонди ҳифзи иҷтимоӣ;

6.     Маълумотҳои иловагӣ оиди дараҷаи тахассусии кормандон;

7.     Маълумотҳо оид ба хаҷми корҳои иҷрошудаи таъмир ва сохтмони роҳҳои автомобилгард дар 2-3 соли охир;

8.     Маълумотнома оид ба мавҷуд будани техникаҳои сохтмонӣ-роҳсозӣ дар тавозуни корхона;

9.     Номгӯи корҳо бо назардошти ҳаҷми он дар доираи маблағи ҷудошуда;

10.                      ӯҳдадорӣ оиди ба итмом расонидани корҳои таъмирӣ, мутобиқи меъёрҳои сохтмонӣ;

11.                      Пардохти ҳаққи иштирок дар тендер.

Ҳуҷҷатҳои озмунро метавонед аз нишонаи зерин гиред:

Шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 48«а», Муассисаи давлатии «Сарраёсати ободонии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе». Телефонҳо: 221-06-16, 221-03-80, 221-05-48.

Дархостҳо бояд дар 2 лифофаи маҳкам мӯҳрзада (1-пешниҳоди тендерӣ, 2-ҳуҷҷатҳои тендерӣ) 15 декабри соли 2011 то соати 1700 ба Муассисаи давлатии «Сарраёсати ободонии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе» (Фармоишгар) супорида шаванд.

Озмун рӯзи  16 декабри соли 2011 соати 1500 дар бинои маҷлисгоҳи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе баргузор мегардад.