Шаршара дар Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
2 December 2011

Комиссияи тендерии Воҳиди хариди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе баҳри иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе №493 аз 01 декабри соли 2011 «Дар бораи баргузории тендер» ҷиҳати интихоби пудратчии иншооти:

«Азнавсозии кӯчаҳои Дӯстии халқҳо, Лоҳутӣ, Меҳнат, Шарқ баромад ба кӯчаи М.Турсунзода »

ТЕНДЕР ТАРИҚИ ИШТИРОКИ НОМАҲДУД

ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

Дар тендер шахсони ҳуқуқии ватанӣ ва хориҷии тахассуси сохтмонӣ дошта иштирок карда метавонанд.

Довталабон бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:

1.    Дархост ҷиҳати иштирок дар тендер (то 23 декабри  соли 2011);

2.    Пешниҳоди тендерӣ;

3.    Ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунанда (низомнома ё оиннома);

4.    Иҷозатнома (литсензия) барои иҷрои корҳои роҳсозӣ;

5.    Гувоҳномаи Нозироти андоз ва гувоҳномаи Фонди ҳифзи иҷтимоӣ;

6.    Маълумотнома оид ба ҳаҷми корҳои иҷрошудаи таъмир азнавсозӣ ва сохтмони роҳҳо  дар 2-3 соли охир;

7.    Маълумотнома оид ба базаи моддӣ-техникии корхона;

8.    Таъминоти пешниҳоди тендерӣ дар ҳаҷми 1% аз арзиши умумии пешниҳодӣ тендерӣ (кафолати бонкӣ);

9.    Харҷномаи иншоот тибқи тартиби муайянгардида;

10.                       Пардохти бебозгашти ҳаққи иштирок дар тедер;

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ва дастрас намудани ҳуҷҷатҳои тендерӣ довталабон метавонанд ба Муассисаи давлатии «Сарраёсати ободонии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе», бо суроғаи: шаҳри Душанбе, хёбони Рӯдакӣ 48«а», бо телефонҳои: 221-0616, 221-0380, 221-0548 муроҷиат намоед.

Рӯзи гузаронидани тендер 26  декабри соли 2011 соати 1500.

Макони баргузории тендер: толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанде, хиёбони Рӯдакӣ 48«а».

Эзоҳ: мӯҳлати ниҳоии қабули пешниҳодоти тендерӣ то соати 1600 – и  23 декабри соли 2011.