Осорхонаи нави миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
4 December 2011

Дар бораи баргузории тендер

 

         Бо мақсади саривақт ба анxом расонидани корҳои сохтмонӣ ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани иди байналмиллалии «Наврӯз-2012» дар Корхонаи воҳиди давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт», бо дарназардошти розигии Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №533 аз 28 ноябри соли 2011 оид ба истифода намудани усули хариди давлатии «Озмуни харид аз тариқи иштироки маҳдуд» ва Протоколи xаласаи Воҳиди хариди Мақомоти иxроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе №260 аз 28 ноябри соли 2011, мутобиқ ба талаботи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва  моддаҳои 12-14 ва 26  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

 

1.  Комиссияи тендерии аз тарафи Воҳиди хариди Мақомоти иxроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе пешниҳодшуда барои интихоби пудратчии «Молрасон»-и саҳнаҳои иловагӣ аз сохторҳои оҳанини зудҷамъшаванда бо ҷойҳои иловагии нишаст барои 6200 тамошобин дар Корхонаи воҳиди давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт», дар ҳайати замимагардида таъсис дода шуда, мутобиқ ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории тендерро тариқи иштироки маҳдуди довталабон таъмин намояд.

2.  Воҳиди хариди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе» ҳамчун фармоишгари иншооти мазкур мутобиқ ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳуxxатҳои заруриро барои гузаронидани тендер таъмин намуда, аз натиxааш ба Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи муфассал пешниҳод намояд.

         3.Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе (Кенҷаев М.Д.) маблаuгузории иншооти мазкурро аз ҳисоби сарфаи маблаuҳои дар соли 2011 ба Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе» xудошуда таъмин намояд. 

    4.Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Хайруллоев Н. гузошта шавад.

 

                                                                                     М. УБАЙДУЛЛОЕВ