Осорхонаи нави миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
5 December 2011

Дар бораи баргузории озмуни пўшидаи байналмилалӣ

 

Бо мақсади дарёфти беҳтарин лоиҳакаш ва пудратчии иншооти  сохтмонаш нотамоми «Аквапарк дар шаҳри Душанбе» ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ дар доираи  талаботҳои муосири меъморӣ идома ва ба анҷом расонидани сохтмони иншооти  мазкур бо дар-назардошти Хулосаи тавсиявии эксперти дараҷаи байналмилалӣ оиди баҳогузории амволи ғайриманқул Адам Франк-Михаэл №10/9 аз 8 октябри соли 2009 дар бораи тавассути баргузории озмуни пўшидаи байналмилаллӣ интихоб намудани лоиҳакаш ва пудратчии иншооти мазкур, мутобиқ ба талаботи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаҳои 563, 780-785 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

                                  ҚАРОР  МЕКУНАМ:

         1.Барои дарёфт ва интихоби беҳтарин лоиҳакаш ва пудратчии иншооти сохтмонаш нотамоми «Аквапарк дар шаҳри Душанбе» лоиҳакашон ва ташкилотҳои сохтмонӣ-шахсони воқеиву ҳуқуқии ватанию хориҷии салоҳиятнок ба озмуни пўшидаи байналмилалӣ аз 5 декабри соли 2011 то 14 январи соли 2012, бо ҷамъбасти ниҳоӣ на дертар аз 20 январи соли 2012, даъват карда шаванд.

         2.Низомномаи замимагардидаи гузаронидани озмуни пўшидаи байналмилалӣ баҳри дарёфти беҳтарин лоиҳакаш ва пудратчии иншооти сохтмонаш нотамоми «Аквапарк дар шаҳри Душанбе» тасдиқ карда шавад .

         3.Комиссияи озмунии аз тарафи Воҳиди хариди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе пешниҳодшуда дар ҳайати замимагардида таъсис дода шуда, тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда баргузории озмуни пўшидаи байналмилалиро бо пешниҳоди тавсияҳои дахлдор ба Воҳиди хариди мазкур таъмин намояд.

         4.Воҳиди хариди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо фармоишгари иншооти «Идомаи сохтмони Аквапарк дар шаҳри Душанбе»- Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе (Анваров С.С.) ва шўъбаи таҳлилию иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.Т.) ба лоиҳакашон ва ташкилотҳои сохтмонӣ-шахсони воқеиву ҳуқуқии ватанию хориҷии салоҳиятнок ҷиҳати иштирокашон ба озмуни пўшидаи байналмилалӣ даъватномаҳо ирсол намояд.

         5. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Хайруллоев Н. гузошта шавад.

 

                                                                           М.УБАЙДУЛЛОЕВ

 

 

 

Низомномаи

 

гузаронидани озмуни пўшидаи байналмилалӣ

баҳри дарёфти беҳтарин  лоиҳакаш ва пудратчии

иншооти «Идомаи сохтмони Аквапарк дар шаҳри Душанбе