Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
6 December 2011

Дар бораи муваққатан қатъ намудани

 интиқоли қувваи барқ аз Зеристгоҳи барқии

 «Центральная-35/6кВ»

          Муроҷиати Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» №47-431 аз 5 декабри соли 2011-ро баррасӣ намуда, бо мақсади  бартараф намудани садама дар хатҳои ҳавоии интиқоли барқи -35 кВ (ХИБ-35 кВ) Л-2Г-1 ва Л-2Г-2 мутобиқ ба талаботи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

                                                ҚАРОР МЕКУНАМ:

 1.    Ба Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» ҷиҳати муваққатан қатъ намудани интиқоли қувваи барқи хатҳои ҳавоии интиқоли барқи -35 кВ (ХИБ-35 кВ) Л-2Г-1 ва Л-2Г-2 аз зеристгоҳи барқии «Центральная-35/6кВ» аз соати 12-00 то соати 13-00 рӯзи 7 декабри соли 2011  иҷозат дода шавад.

2.     Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» ва ҶСК  «Шабакаҳои  барқии шаҳри Душанбе» (Аттоев С.К.)   тавассути воситаҳои ахбори омма ҷиҳати муваққатан қатъ намудани интиқоли қувваи барқ дар самти: қисман хиёбонҳои Рӯдакӣ ва И.Сомонӣ, кӯчаҳои М.Холов, Н.Ҳикмат, Парвина, Ҳ.Шерозӣ, Пушкин, Озодии Занон, Бохтар, Абдулло Командир, Аҳрорӣ, Л.Шералӣ, Л.Толстой, Ойгул, маҳаллаи Шафтолузор, Радиостансияи № 3 ва  Маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат» эълон пахш намоянд.

3.    ҶСК  «Шабакаҳои  барқии шаҳри Душанбе» (Аттоев С.К.) иншоотҳои ҳаётан муҳимро аз манбаъҳои эҳтиётӣ бо қувваи барқ таъмин намояд.

4.    Муқаррар карда шавад, ки ШСХК «Барқи Тоҷик» барои риоя накардани банди 2-и Қарори мазкур мутобиқ ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ   масъулиятро ба зимма дошта, ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар ин самт чораҳо андешад. 

5.    Шӯъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.Т.) инъикоси Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

6.    Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи  муовини Раиси шаҳри Душанбе Мансуров Ҷ.М. гузошта шавад.

                                                                      
М. УБАЙДУЛЛОЕВ