Маркази барқу гармидиҳии -2 Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
11 December 2011

10 декабри соли 2011 дар КВД «Маркази равобити пойтахт» таҳти раёсати Маҳмадсадид Убайдуллоев ҷаласаи васеи кории анъанавии шаҳрдории Душанбе дар семоҳаи охири соли равон бо иштироки аъзоёни Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳри Душанбе, фаъолони пойтахт, раисони Комиссияҳои доимии Мачлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқук ва сохторҳои кор бо ҷавонону занон дар шаҳри Душанбе, собиқадорони ҷангу меҳнат, шўроҳои шаҳраку маҳаллаҳо, ширкатҳои соҳибмулкони манзил,  роҳбарони мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта ва намояндагони дигар институтҳои шаҳрвандӣ баргузор гардид.

          Дар ҷаласа аз ҷониби Маҳмадсаид Убайдуллоев бо иштироки ҳозирин зимни натиҷагирӣ аз ҳамкориҳои судманди иҷтимоии тамоми қишрҳои ҷомеа масъалаҳои вусъати сафарбарсозии потенсиали аҳли ҷамоатчигии шаҳр баҳри амалисозии барномаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳрдорӣ, ки ба беҳбуд бахшидани сатҳи зиндагӣ сокинон нигаронида шудааст, беш аз ҳарвақта бо таъмини тавозуни ифтихормандӣ ва масъулиятшиносӣ дар сокини пойтахт будан тақвияти чораҳо оид ба таъмини волоияти қонун аз ҷониби шаҳрвандон, шаффофияти фаъолияти сохторҳои хизматрасону нигоҳдории фонди манзил, ободонии шаҳраку маҳаллаҳо, пешгирии махлутсозии фазои  иттилоотии пойтахт мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Зикр гардид, ки дар марҳилаи кунунии ободонии шаҳр ва пурсамар гаштани татбиқи барномаҳои бунёдии инфрасохторӣ, ки аз ҳадафҳои Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати чорум, бармеоянд соли 2012 қисми барзиёди иҷроиши ҷамъоварии маблағҳои ба буҷети   шаҳрӣ ва буҷети ноҳияҳои  шаҳри Душанбе  барои таъмиру барқарорсозии роҳҳо ва пиёдагардҳои ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо сафарбар гардида, баҳри иҷрои босифати корҳо ташкилотҳои соҳибтаҷрибаи пудратӣ тавассути озмуни кушод ҷалб карда хоҳанд шуд.

Дар  ин равобит барои сафарбар кардани потенсиали аҳли ҷамоатчигӣ ва институтҳои  шаҳрвандӣ  таъкид гардид, ки бо роҳандозии назорати ҷамъиятӣ аз рафти корҳои иҷрошаванда онҳо имкон доранд дар ободонии шаҳраку маҳаллаҳо саҳмгузор гарданд.

Бо дахли масоили таквият бахшидан ба баланд бардоштани сатҳи масъулият ва ифтихормандии сокинон дар риояву эҳтиромгузорӣ ба арзишҳои соҳибистиқлолӣ, асолати дунявияти давлатдорӣ, роҳ надодан ба махлутсозии фазои динию мазҳабӣ ва таҳвили унсурҳои бегонаву тафриқаангез зикр гашт, ки бо истифода аз хиради азалӣ, шароиту имкониятҳои фароҳамовардаи қонунгузории кишвар тадбирҳои муқарраргардида андешида шаванд.

Бо ин мақсад дар ҷаласа қарор қабул гардид, ки баҳри таҳкими минбаъдаи фазои ваҳдати динӣ ва мазҳабӣ  дар шаҳр касбияти имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақтаи шаҳри Душанбе таври доимӣ аз ҷониби Шўрои таъсисгардида таҳти раёсати Раиси Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон, имомхатиби масҷиди ҷомеи Марказии шаҳри Душанбе Саидмукаррами Абдукодирзода  мавриди таҳлил қарор гирад.  

Дар ҷаласа ҳамзамон сўҳбати ошкорои Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо фаъолони пойтахт сурат гирифта, мавсуф ба саволҳои ҳозирин посухҳои мушаххас дода, оид ба ҳалли пешниҳодоти манзур гашта ба масъулини шаҳрдорӣ дастуру супоришоти дахлдор ироа намуд.