Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
12 December 2011

Дар бораи эълони озмуни кушод баҳри дарёфти беҳтарин лоиҳаҳои ангорӣ ва лоиҳакашони иншоот-ҳои «Сохтмони Қасри теннис барои 3000 ҷойи нишаст дар кӯчаи Карамов» ва «Сохтмони Қасри варзишии обӣ барои 4000 ҷойи нишаст бо дарназардошти таваққуфгоҳи зеризаминӣ дар кӯчаи Карамов»

   Бо мақсади таъмини рушди варзиш ва муҳаё сохтани  имкониятҳои зарурӣ баҳри баргузории мусобиқаҳои варзишии сатҳи байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе, ташаккули тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани ҳисси ифтихори ватандӯстии наврасону ҷавонон тавассути машғулиятҳои варзишию солимгардонӣ, иҷрои Қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе №565 аз 14 октябри соли 2010 «Дар бораи тасдиқи барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2011-2013», иҷрои банди 2 маҷмӯи тадбирҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷиҳати татбиқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни мулоқот бо варзишгарони кишвар 20 декабри соли 2010, ки бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе №146-1 аз 4 апрели соли 2011 тасдиқ гардидааст, бо дарназардошти ба талаботҳо ҷавобгӯй набудани пешниҳодҳои  то ба имрӯз воридгардида мутобиқ ба талаботи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 8 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» ва моддаҳои 1070-1074 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1.Барои дарёфти беҳтарин лоиҳаҳои ангорӣ ва лоиҳакашони иншоотҳои «Сохтмони Қасри теннис барои 3000 ҷойи нишаст дар кӯчаи Карамов» ва «Сохтмони Қасри варзишии обӣ барои 4000 ҷойи нишаст бо дарназардошти таваққуфгоҳи зеризаминӣ дар кӯчаи Карамов» байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣаз 5 декабри соли 2011 то 14 январи соли 2012 тибқи Низомномаи замимагардида  озмуни кушод эълон карда шавад.

        2. Комиссияи озмунии дар ҳайати замимагардида таъсисдода, вазифадор карда шавад, ки:

        -эълони шартҳои озмунро тибқи Низомномаи гузаронидани озмуни кушод баҳри дарёфти беҳтарин лоиҳаҳои ангорӣ ва лоиҳакашони иншоотҳои мазкур тавассути васоити ахбори омма, аз ҷумла сайти интернетии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, ба табъ расонад;

        -тавассути шабакаи умумиҷаҳонии Интернет ҷиҳати ба озмун ҷалб намудани лоиҳакашони дорои таҷрибаву малакаи лоиҳака-шии иншоотҳои таъиноти варзишии обӣ ва теннис тадбирҳо андешад;

        -ҷамъбасти   озмунро тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқу-қии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон на дертар аз 20 январи соли 2012 таъмин намояд.

3.Аз Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш карда шавад, ки ҷиҳати дар озмун иштирок намудани ташкилотҳои лоиҳакашии салоҳиятноки ватанию хориҷӣ мусоидат намояд.

4. Муқаррар карда шавад, ки танҳо бо ғолиби озмун қарордод оиди лоиҳакашии иншооти дахлдор ба имзо расонида мешавад.

5.Шӯъбаи таҳлилию иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.Т.) инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути васоити ахбори омма таъмин намояд.

6.Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Хайруллоев Н. гузошта шавад.

                                                                                                                                                                          М.УБАЙДУЛЛОЕВ

 

Ҳайати

 

Комиссияи  озмуни кушод барои дарёфти беҳтарин лоиҳаҳои ангорӣ ва лоиҳакашони иншоотҳои «Сохтмони Қасри теннис барои 3000 ҷойи нишаст дар кӯчаи Карамов» ва «Сохтмони Қасри варзишии обӣ барои 4000 ҷойи нишаст бо дарназардошти таваққуфгоҳи зеризаминӣ дар кӯчаи Карамов»

 

1.         

Ёқубов Н.Х.

-профессори кафедраи «Меъморӣ ва сохтмони

 шаҳрсозӣ»-и Донишгоҳи техникии Тоҷикис-

 тон ба номи  М.Осимӣ, раиси Комиссияи озмунӣ;

2.         

 Грудинин Ю.М.

-директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи  «Пажӯҳишгоҳи шаҳрсозии Россия ва инкишофи сармоягузорӣ»-и «Гипрогор», ҷонишини раиси Комиссияи озмунӣ (дар мувофиқа);

 

Аъзои комиссия:

 

3.         

Султонов М.С.

-муовини аввали директори Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

4.         

Зуҳуртдинов Б.А.

-президенти Академияи меъморӣ ва сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон

5.         

Таваров Р.Ҳ.

-муовини Раиси шаҳри Душанбе;

6.         

Кобулиев З.В.

-вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №60;

7.         

Файзуллоев Қ.

-сардори Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе;

8.         

Ахмедов Ҷ.Ҷ.

-директори  Ҷамъияти саҳомии кушодаи  «Па-жӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ ва лоиҳакашию ҷустуҷӯии САНИИОСП»;

9.         

Раҷабов У.Н.

-директори Корхонаи воҳиди давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ ва лоиҳака-шии «Душанбешаҳрсоз»;

10.            

Ишонов Б.М.

-директори Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шаҳрофар»;

11.            

Қурбонов Д.М.

-сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе;

12.            

Шарипов Ҳ.С.

- мудири шӯъбаи сохтмон ва ободонии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе;

13.            

Ҳамроев Д.Т.

- мудири шӯъбаи таҳлилию иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.

НИЗОМНОМАИ

гузаронидани озмуни кушод баҳри дарёфти беҳтарин лоиҳаҳои ангорӣ ва лоиҳакашони иншоотҳои «Сохтмони Қасри теннис барои 3000 ҷойи нишаст дар кӯчаи Карамов» ва «Сохтмони Қасри варзишии обӣ барои 4000 ҷойи нишаст бо дарназардошти таваққуфгоҳи зеризаминӣ дар кӯчаи Карамов»