Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
12 December 2011

Дар бораи таҷлили Соли нави 2012

 

Бо мақсади сазовор истиқбол намудани Соли нави 2012 ва муҳайё намудани шароитҳои зарурии фарҳангу фароғатии солинавӣ барои сокинони шаҳри Душанбе, мутобиқ ба талаботи  моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид»

  Қарор мекунам:

 1.Муқаррар карда шавад, ки чорабиниҳои солинавии имсола 30 декабри соли 2011, соати 10:00 барномаи кўдаконаи солинавӣ дар Сирки давлатии Тоҷикистон, 31 декабри соли 2011, аз соати 20:00 то 21:30 барномаи идонаи солинавӣ бо иштироки устодони санъат ва ситораҳои эстрадаи тоҷик ва соати 21:25 мушакпарронии (фейерверки) идона дар майдони «Дўстӣ»  баргузор мегарданд.

 

2.Нақшаи замимагардидаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба таҷлили бошукўҳи чорабиниҳои солинавӣ дар шаҳри Душанбе тасдиқ карда шавад.

 

3.Муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва сохторҳои марбутаи шаҳрӣ:

- то 27 декабри соли ҷорӣ ороиши майдонҳо, боғу гулгашт ва кўчаву хиёбонҳоро ба итмом расонида, дар рўзҳои омодагӣ ва баргузории чорабиниҳои солинавӣ фаъолияти мўътадили соҳаҳо ва корхонаҳои системаи муҳандисии ҳаётан муҳимро таъмин намоянд;

- дар  ҳамкорӣ бо субъектҳои хоҷагидорӣ дар тамоми бозорҳои шаҳри Душанбе аз 24 то 31 декабри соли 2011 фурўши маҳсулоти кишоварзӣ ва молҳои ниёзи мардумро баргузор созанд.

 4.Шўъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе (Мўсоева Ш.Р.) барои дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабиниҳои мазкур чораҳои зарурӣ андешад.

 5.Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе» (Ҳалимов Р.М.) ва Корхонаи воҳиди давлатии «Таҷрибавӣ- истеҳсолӣ  оид  ба  шаклҳои  хурди  меъморӣ»-и  шаҳри  Душанбе  (Шен Т.Н.) ороиши бадеии шаҳри Душанберо ба муносибати ҷашн таъмин намуда, доир ба таъмири  унсурҳои ороишии барқӣ, гузоштани конструксияҳои ороишӣ бо ливоҳои ранга чораҳои мушаххас андешанд.

 

6.Аз роҳбарони вазорату идораҳо, инчунин корхонаву муассиса ва ташкилотҳои дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе мавҷудбуда, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ хоҳиш карда шавад, ки ороиши идонаи иморату иншоотҳои ба онҳо вобасташударо то 29 декабри соли 2011 ба анҷом расонанд.

 

7.Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе (Сабзов Ш.) дар ҳамкорӣ бо Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шаҳри Душанбе (Нуралиев З.) дар рўзҳои ташкил ва баргузории чорабиниҳо ҷиҳати таъмини амнияти шаҳрвандон ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ чораҳои иловагӣ андешанд. Зимнан аз сокинони шаҳри Душанбе хоҳиш карда шавад, ки дар рўзҳои ташкил ва баргузории чорабиниҳои солинавӣ талаботи қонуният, тартиботи ҷамъиятӣ, Маромномаи сокини пойтахт ва Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, ободонӣ ва санитарӣ дар шаҳри Душанберо қатъиян риоя намоянд.

 8..Шўъбаи  таҳлилӣ  ва иттилоотии  дастгоҳи  Раиси  шаҳри  Душанбе (Ҳамроев Д.Т.) инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

 9.Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси  шаҳри Душанбе Хайруллоев Н.М. гузошта шавад.

 

 М.Убайдуллоев

 

Н А Қ Ш А И

 чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбеоид ба омодагӣ ва таҷлили чорабиниҳои солинавӣ дар шаҳри Душанбе