Осорхонаи нави миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
22 December 2011

Соле, ки ба интиҳо мерасад, бо як идда рўйдодҳои хотирмони худ, қабл аз ҳама бо таҷлили сазовор дар сатҳи умумиҷумҳуриявӣ нахустин Наврўзи байналмилалӣ, ҷашни бошукўҳу таҳкимбахши Рўзи Ваҳдати миллӣ ва Намоиши театрикунонидашудаву Манифестатсияи сокинони шаҳри Душанбе бахшида ба таҷлили 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳифаҳои заррини таърихи навини кишвар ва пойтахти он сабт хоҳад гашт.

Бояд тазаккур дод, ки дар давраи ҳисоботӣ Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе фаъолияти худро баҳри татбиқи барномаҳои тараққиёти иҷтимоиву иқтисодӣ ба хотири муваффақ гардидан ба таъмини инкишофи устувори тамоми соҳаҳои хоҷагии шаҳр, инфраструктураи он, рушди соҳибкорӣ, шаклҳои мухталифи моликият, ҷалби сармоягузории дохиливу хориҷӣ равона намуда, ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои ниҳоӣ, ки мақсад аз он барои ба ҳар як сокини шаҳр фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона ба шумор меравад, тадбирҳои зарурӣ андешид.

Дар ин зимн, тавре хуб огоҳӣ доред, потенсиали аҳли ҷамаотчигии шаҳр дар доираи ҳидоятҳои бунёдкоронаи Сарвари давлат баҳри сазовор истиқбол намудани  ҷашни беназири  20-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе №553  «Дар бораи омодагӣ ба ҷашни 20-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 31 октябри соли 2008 барои  амалисозии барномаи мушаххаси шаҳрдорӣ дар пойтахт бо тамдиди фазои «Ташаббусҳои созанда ва масъулияти шаҳрвандӣ», маъракаи 900 рўзи ободонию созандагӣ равона гардид ва дар татбиқи воқеияшон кулли сокинони шаҳрамон бо масъулияти баланди шаҳрвандию ташаббускорӣ саҳмгузорӣ намуданд ва бо истифода аз фурсат ба ҳар кадоми онҳо аз номи Роҳбарияти шаҳр изҳори  сипоси самимӣ менамоем.

Муфассалтар дар формати MS WORD