Маркази барқу гармидиҳии -2 Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
23 December 2011

22  декабри  соли 2011  Иҷлосияи ҳаштуми   Маҷлиси   вакилони   халқи  шаҳри Душанбе даъвати  чорум   дар  толори   Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази равобити пойтахт»  таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид. 

Дар кори иҷлосия дар радифи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, роҳбарони сохторҳои худфаъолияти ҷамъиятӣ, субъектҳои соҳибкорӣ, Кумитаҳои шаҳрии ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар институтҳои шаҳрвандию намояндагони васеи воситаҳои ахбори оммаи чопию электронии ватанӣ ширкат варзиданд.

Вакилон  бо интихоби котибот, ҳайати таҳририя ва тасдиқи рўзнома ба баррасии масъалаҳои шомилгардида: 

- ҳисоботи Раиси шаҳри Душанбе М.Убайдуллоев «Оид ба иҷроиши барномаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар соли 2011, нақшаҳои рушд, буҷети шаҳри Душанбе ва вазифаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои соли 2012 ва иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2010».

- доир ба ворид намудани тағйирот ба Қарори Маҷлиси   вакилони   халқи  шаҳри Душанбе № 35-4 аз 23 декабри соли 2010  дар бораи «Ҳисоботи Раиси шаҳри Душанбе М.Убайдуллоев «Оид ба иҷроиши барномаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар соли 2010, нақшаҳои рушд, буҷети шаҳри Душанбе ва вазифаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои соли 2012 ва иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2009».

- дар бораи таҳияи Барномаи дастгирии давлатии рушди соҳибкорӣ дар шаҳри Душанбе.

- дар бораи  тасдиқ намудани  Қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе, шурўъ намуданд.

Дар иҷлосия  бо дарназардошти таъмини шаффофият ва дастрасии озоди аҳли ҷамоатчигии шаҳр дар рўзномаи «Паёми Душанбе» 20 декабри соли 2011 комилан интишор шудани манти ҳисоботи Раиси шаҳри Душанбе М.Убайдуллоев «Оид ба иҷроиши барномаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар соли 2011, нақшаҳои рушд, буҷети шаҳри Душанбе ва вазифаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои соли 2012 ва иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2010» вакилон ба баррасии васеи он шурўъ намуда, зимни музокирарониҳои раисони Комиссияҳои марбутаи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе: А. Рауфӣ, А. Абдурасулов, З. Шарипов, С.Сафиаллоев, Г. Шарипова, А. Ҳабибов ва А. Сатторӣ ҳисоботи Раиси шаҳри Душанберо, ки  фарогири самтҳои салоҳияти шаҳрдорӣ ва ташкили бонизоми системаи хоҷагидории шаҳрро дар бар гирифта, дар 11 моҳи соли 2011 рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар асоси барномавӣ бемайлон таъмин гардидааст, қобили қабул арзёбӣ карданд.

Дар иҷлосия вакилон нисбати ҳамаи масъалаҳои матраҳгардида бо инобати таклифу пешниҳодоти фаъолони шаҳр қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

Маҳмадсаид  Убайдуллоев дар иҷлосия аз ҷумла таъкид намуд,  соле, ки ба интиҳо мерасад, бо як идда рўйдодҳои хотирмони худ, қабл аз ҳама бо таҷлили сазовори 20 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва аҳли ҷамаотчигии он ба ифтихори гиромидошти муқаддасоти беназири миллиамон ҷавобан ба сиёсати бунёдсиришти Сарвари давлат 236 иншооти гуногунтаъинотро ба маблағи 2 миллиарду 607 миллиону 319 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла дар таҷрибаи меъморию сохтмонии кишвар нахустин иншооти 20-ошёнаву тамоюли коргузоридошта ва Боғи мўҳташами дорои ҷузъиёти фарҳангу фароғати муосир баҳри бо истироҳат фарогирии хурду бузурги ҷомеаро армуғони сидқу вафо намуданд дар саҳифаҳои заррини таърихи навини кишвар ва пойтахти он сабт хоҳад гашт.

Барои расидан ба ин дастовард Қарори Раиси шаҳри Душанбе №553 аз 31 октябри соли 2008 «Дар бораи омодагӣ ба ҷашни 20-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки тибқи он дар баробари амалисозии барномаи мушаххаси шаҳрдорӣ дар пойтахт бо тамдиди фазои «Ташаббусҳои созанда ва масъулияти шаҳрвандӣ», маъракаи 900 рўзи ободонию созандагӣ эълон шуд ва дар татбиқи воқеияшон кулли ҷамоатчигии шаҳрамон бо масъулияти баланди шаҳрвандию ташаббускорӣ саҳмгузорӣ намуданд, ки қабл аз ҳама бо истифода аз фурсат ба ҳар кадоми онҳо аз номи Роҳбарияти шаҳр изҳори сипоси самимӣ менамоем.

Дар самти дурнамои ҳадафҳо дар соли 2012 зикр гашт, ки он соли истифодаи имконоти нав бобати ҳамкориҳои судманди иҷтимоии тамоми қишрҳои ҷомеа баҳри вусъати сафарбарсозии потенсиали аҳли ҷамоатчигии шаҳр оид ба амалисозии барномаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳрдорӣ, ки ба беҳбуд бахшидани сатҳи зиндагии сокинон нигаронида шудааст, беш аз ҳарвақта бо таъмини тавозуни ифтихормандӣ ва масъулиятшиносӣ дар сокини пойтахт будан, тақвияти чораҳо оид ба таъмини волоияти қонун аз ҷониби шаҳрвандон, шаффофияти фаъолияти сохторҳои хизматрасону нигоҳдории фонди манзил, ободонии шаҳраку маҳаллаҳо, пешгирии махлутсозии фазои  ҳамзистӣ ва иттилоотии пойтахт хоҳад буд.

Бо ин мақсад баҳри ободонии шаҳр ва пурсамар гаштани татбиқи барномаҳои бунёдии инфрасохторӣ, ки аз ҳадафҳои Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати чорум  бармеоянд, шурўъ аз соли 2012 то 2015 дар доираи эълон намудани “Солҳои таъмиру барқарорсозии роҳҳо ва пиёдагардҳои ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо” қисми иҷроиши барзиёди воридоти маблағҳо ба буҷети шаҳрӣ ва буҷети ноҳияҳои шаҳри Душанбе бо ин мақсад сафарбар карда мешаванд. Баҳри иҷрои босифати корҳо ташкилотҳои соҳибтаҷрибаи пудратӣ тавассути озмуни кушод ҷалб карда хоҳанд шуд. Ҳамзамон афзуд, ки дар ин маъракаи муҳимми эҳёи инфрасохтории ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо аз сокинон ва роҳбарони ширкатҳои соҳибмулкони манзил, Шўрои хонаҳо ва мақомоти худфаъолияти ҷамъиятию соҳибкорон ва роҳбарони субъекти хоҷагидории дар ин ҳудудҳо ҷойгир буда даъват карда мешавад, ки бо ҳисси баланди шаҳрдўстиву масъулиятшиносӣ  ширкати  фаъолона варзанд.

Дар ин зимн соли 2012 баҳри коҳиш додани афзоиши шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ аз шаҳри Душанбе ва тавассути ташкили ҷойҳои кории нав бо шуғл ва маоши сазовор таъмин намудани корҷўён “Соли дастгирии соҳибкорӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ” эълон гардида, барои татбиқи ин иқдом Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе азм менамояд, ки дар асоси барномавӣ барои таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ, тиҷоратӣ ва сайёҳӣ ҷиҳати кўмак ба соҳибкорон маблағҳои қарзиро дар тўли соли молиявӣ аз ҳисоби буҷети шаҳр ихтисос диҳад. Дар пурсамар татбиқ гардидани он зикр гашт, ки субъектҳои бонкӣ ва тиҷоратию соҳибкории ташаккулёфтаи шаҳр ибтикороти шаҳрдориро ба хубӣ дарк намуда, бо ҷонибдорӣ аз он саҳми сазовори худро низ  мегузоранд.

Ҳамзамон муқаррар гардид, ки дар соли 2012 бо анҷоми таҳлилҳои амиқ ва муайянсозии сарчашмаҳои молиявӣ Барномаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе - “Шароити арзанда”, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ бунёди хонаҳои бисёрквартирадори хизматии 2-3 ҳуҷрадорро барои дастгирии иҷтимоии мутахассисони ҷавону зиёиёни шаҳр пешбинӣ менамояд роҳандозӣ шуда, идома ба он, Корхонаи воҳиди давлатии “Сохтмони манзили иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе ”-ро, ки фаъолияташ аз ҳисоби маблағҳои қарзии буҷети шаҳр ва саҳмгузории шаҳрвандон амалӣ гардида, тибқи лоиҳаҳои меъмории каммасрафу иҷтимоӣ бунёди манзили баландошёнаро анҷом дода, бо арзиши аслии сохтмонӣ квартираҳоро ба ашхоси зикргардида аз рўи имкон дастрас месозад, таъсис дода мешавад.

 Дар ин самт ба вазорату идораҳо тавсия гардид, ки баҳри дастгирии кормандонашон ҷиҳати сохтмони биноҳои истиқоматии бисёрквартирадори хизматӣ барои ҷудо намудани қитъаи замин унвонии шаҳрдорӣ муроҷиат намоянд.

Аз иқдомоти шаҳрдорӣ нахустин шуда ректорони Донишгоҳҳои олии шаҳри Душанбе, ки ҳамзамон вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе мебошанд, дастгирӣ намуда, иброз доштанд, ки омодаанд аз ҳисоби маблағҳои донишгоҳҳо барои эҳтиёҷи кормандонашон, пеш аз ҳама мутахассисони ҷавон сохтмони биноҳои истиқоматии баландошёнаро тибқи Нақшаи генералии шаҳр анҷом диҳанд.

Барои татбиқи воқеии ин амалкард аз ҷониби М. Убайдуллоев  ба масъулини Кумитаи заминсозӣ ва Сарраёсати меъморию шаҳрсозии шаҳри Душанбе дастур гардид, ки то 1 феврали соли 2012 интихоби қитъаи заминро анҷом дода, унвонии Раиси шаҳр пешниҳод созанд.

Ҳамзамон бо дахли масоили фарҳангию оммавӣ зикр гардид, ки фазои фарҳангии шаҳрро таҷлили Наврўзи байналмилалӣ бо иштироки Сарварони давлатҳое, ки Наврўзро гиромӣ медоранд ва меҳмонони олимақом аз ибтидои соли нав нусрату таровати хоса бахшида, омодагиҳои ҳамҷонибаи аҳли ҷомеа ба истиқболи сазовори  20-солагии Иҷлосияи такдирсозии 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи густурда роҳандозӣ гардида, ба ифтихори  90- солагии шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти мамлакат аз 25 марти соли 2012 то 1 октябри соли 2014 “30 моҳи ободонӣ ва ташаббусҳои арзанда” эълон карда мешавад.

Дар фарҷоми иҷлосия Маҳмадсаид Убайдуллоев нисбати корҳои омодагиву зимистонгузаронии воқеӣ ба тамоми сохторҳои дахлдор ва пеш аз ҳама ба ҳар як занҳои кўчарўби раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияи шаҳр миннатдории самимии худро иброз намуда, дар амалӣ гаштани иқдомоти нек ва иҷрои барномаҳои созанда ба ҳамаи вакилон ва дар шахси онҳо ба ҳама сокинони шаҳр муваффақиятҳо хоста, дастовардҳои навину некрўзиҳои ҳамешагиро дар Соли Нав таманно  намуд.