«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
27 December 2011

27 декабри соли 2011 дар  Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи кории шаҳрдории Душанбе оид ба дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат тақвият бахшидани тадбирҳо баҳри ғановати бозори истеъмолӣ ва бо нархҳои нисбатан арзон пешниҳод намудани маҳсулоти ниёзи аввалия ба дастурхони идонаи сокинон ба ифтихори Соли нав баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа роҳбарони аввали Иттифоқи «Тоҷикматлубот», бозорҳои коммуналии шаҳр, КВД “Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе” ва раисони ноҳияҳои шаҳр ширкат варзиданд.

Дар ҷаласа қарор гардид, ки рӯзҳои 28, 29, 30, 31 декабри соли 2011 ва 1 январи соли 2012  аз ҳисоби захираҳои ташкилотҳои зикргардида дар тамоми бозорҳои коммуналӣ : Шоҳмансур, Саховат, Деҳқон  ва Қарияи боло маҳсулоти ниёзи аввалияи гӯшти гов то 27 сомонӣ, гӯсфанд то 28 сомонӣ, биринҷ  то 7 сомонӣ, пиёз ва картошка то 1,7 сомонӣ, карам 1,3 сомонӣ, сабзӣ 1 сомонӣ ва тухм 65 дирам ба фурӯш гузошта мешаванд.

Барои дастрасии васеи сокинон ярмарка-фурӯши номгӯи маҳсулоти зикргашта аз ҷониби сохторҳои Иттифоқи «Тоҷикматлубот» дар даромадгоҳи бозори “Шоҳмансур”, вазорати кишоварзӣ дар боғи ба номи С. Айнӣ ва КВД “Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе” дар бозори Қарияи боло  ташкил карда мешаванд.