Ҳайкали сардафтари адабиёти классикии тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар боғи ба номи ӯ ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
29 December 2011

Дар бораи чораҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе  оид ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №550 аз 2 ноябри соли 2011 «Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии компютеркунонии мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот барои солҳои 2012-2015»

          Бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №550 аз 2 ноябри соли 2011 «Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии компютеркунонии мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот барои солҳои 2012-2015» ва бо инобати Қарори Раиси шаҳри Душанбе №78 аз 7-уми феврали соли 2011 «Дар  бораи  чораҳои Мақомоти  иљроияи маҳаллии ҳокимияти давлатї дар шаҳри Душанбе оиди ҷорӣ намудани усули замонавии идоракунӣ бо истифода аз технологияњои иттилоотию коммуникатсионӣ», мутобиқ ба талаботи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаҳои 4, 8, 9, 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот» ва моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иттилоот»,


 ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №550 аз 2 ноябри соли 2011 «Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии компютеркунонии мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот барои солҳои 2012-2015» мавриди роҳбарӣ ва иҷроиш қарор дода шавад.

2. Нақшаи чорабиниҳои замимагардидаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба «Барномаи давлатии компютеркунонӣ барои солҳои 2012-2015» тасдиқ карда шавад.

3. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе (Кенҷаев Д.М.) зимни ташаккули буҷети шаҳри Душанбе барои солҳои 2012, 2013, 2014 ва 2015 маблағи заруриро ҷиҳати амалигардонии банди 2-и Қарори мазкур пешбинӣ намояд.

4. Муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва роҳбарони мақомоту сохторҳои шаҳрӣ вобаста ба иҷрои Қарори мазкур чораву тадбирҳои таъхирнопазир андешида, аз натиҷааш охири ҳар сол ба Раиси шаҳри Душанбе ахборот пешниҳод намоянд.

5. Шӯъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.) инъикоси васеъи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

6. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Оев А. гузошта шавад.

 

М. УБАЙДУЛЛОЕВ

 

 

Нақшаи

чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба «Барномаи давлатии компютеркунонӣ барои солҳои 2012-2015»