Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
5 January 2012

Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон»-и шаҳри Душанбе ба иттилои мусофирон мерасонад, ки ҳамарўза дар хатҳои сайри Корхонаҳои коммуналии воҳиди давлатӣ ва Ҷамъиятҳои хусусии ба мусофиркашонӣ машғул будаи шаҳр зиёда аз 100 адад воситаҳои нақлиёти тамғаҳои автобус ва микроавтобус, ки бо гази табиӣ фаъолият менамоянд, ба мусофиркашонӣ машғуланд.

Бинобар сабаби феълан аз ҷониби Ҷумҳурии Ўзбекистон қатъ гардидани интиқоли гази табиӣ ба ҷанбуи Тоҷикистон ва муваққатан аз фаъолият мондани нуқтаҳои пуркунии гази табиӣ, ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар хатсайри микроавтобуси №22, автобусҳои хатсайри №1, №2, №12 ва №37, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе ба мусофиркашонӣ машғуланд ба мусофирон нороҳатӣ оварданашон мумкин аст.

Бо назардошти ҳолати ҷойдошта шаҳрдорӣ ва сохторҳои марбутаи нақлиётӣ кўшиш ба харҷ медиҳанд, ки аз ҳисоби воситаҳои нақлиёти бо дигар намуди сўзишворӣ фаъолияткунанда, норасогии ба амал меомадаро бартараф созанд.

Зимнан аз сокинон ва меҳмонони пойтахт хоҳиш карда мешавад, ки  нисбати нороҳатии муваққатӣ бо ҳусни тафоҳум муносибат намоянд.