Кохи парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҷлиси Олӣ дар майдони «Дӯстӣ», дар маркази шаҳр ҷойгир аст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
6 January 2012

Дар бораи баргузории тендери такрорӣ

 

           Бо мақсади хариди нишастгоҳҳои иловагӣ аз конструксияҳои оҳанини зудҷамъшаванда барои 6440 ҷои нишаст, дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» бо дарназардошти розигии Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №533 аз 28 ноябри соли 2011 оид ба истифода намудани усули хариди давлатии «Озмуни харид аз тариқи иштироки маҳдуд» ва Протоколи ҷаласаи Воҳиди хариди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе №­­1 аз 3 январи  соли 2012, мутобиқ ба талаботи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаҳои 12,13,14, 26,31 ва 42  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ» ва моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

 

            1.Қарори Раиси шаҳри Душанбе №489 аз 1 декабри соли 2011 «Дар бораи баргузории тендер» бинобар сабаби ба дархостҳои тендер ҷавобгў набудани пешниҳоди довталабон бекор карда шавад.

            2.Комиссияи тендерӣ оид ба хариди нишастгоҳҳои иловагӣ аз конструксияҳои оҳанини зудҷамъшаванда барои 6440 ҷои нишаст дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт»  тибқи пешниҳоди Воҳиди хариди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, дар ҳайати замимагардида таъсис дода шуда, мутобиқ ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузорӣ ва ҷамъбасти озмуни такрории харидро тариқи иштироки маҳдуди довталабон таъмин намояд.

            3.Воҳиди хариди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе» мутобиқ ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳуҷҷатҳои заруриро барои гузаронидани тендер таъмин намуда, аз натиҷааш ба Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи муфассал пешниҳод намояд.           

            4.Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе (Кенҷаев Д. М.) маблаuгузории иншооти мазкурро аз ҳисоби маблаuҳои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2012 ба Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе» ҷудошуда таъмин намояд.

            5.Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Хайруллоев Н. гузошта шавад.

 

                                                                                                                                                               М. УБАЙДУЛЛОЕВ

Шартҳои иштирок

Намуди зоҳирӣ