Кохи парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҷлиси Олӣ дар майдони «Дӯстӣ», дар маркази шаҳр ҷойгир аст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
16 December 2011

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои ишғоли вазифаи директори  Муассисаи давлатии «Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе» аз 15 декабри соли 2011 то    15   январи соли 2012  озмун бо ҷамъбасти он на дертар аз  20 январи соли 2012 эълон менамояд.

      Довталабон барои ишғоли вазифаи директори Муассисаи давлатии “Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе” ҳуҷҷатҳои зеринро:

 

 

- аризаи шахсӣ ба унвони Раиси шаҳри Душанбе;

 

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи     

  4X6 );

 

- тарҷумаи ҳол;

 

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

 

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ ;

 

- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли  086 УЕ;

 

- нусхаи шиноснома;

 

ба шӯъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод намоянд.

         Довталаб бояд ҳатман соҳиби маълумоти олии касбӣ ва таҷрибаи кории роҳбарикунанда дошта бошад. Ба довталабоне, ки дар соҳаи байторӣ ва зооинженерӣ таҷрибаи корӣ дошта, дар хориҷи кишвар таҳсил намудаанд, афзалият дода мешавад.

Мӯҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо то  19 январи соли 2012.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ довталабон метавонанд ба шӯъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва шӯъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе бо телефонҳои 221-62-56, 221-29-68    муроҷиат  намоянд.