«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
21 December 2011

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои ишғоли вазифаи директори Корхонаи воҳиди давлатии  «Роҳсоз»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе аз 30 декабри соли 2011 то 30  январи соли 2012  озмун бо ҷамъбасти он на дертар аз 4 феврали соли 2012 эълон менамояд.

      Довталабон барои ишғоли вазифаи директори Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳсоз»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти  давлатӣ  дар  шаҳри  Душанбе  ҳуҷҷатҳои  зеринро:

 

 

- аризаи шахсӣ ба унвони Раиси шаҳри Душанбе;

 

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи    

  4X6 );

 

- тарҷумаи ҳол;

 

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

 

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ ;

 

- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли  086 УЕ;

 

- нусхаи шиноснома;

 

ба шӯъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод намоянд.

         Довталаб бояд ҳатман соҳиби маълумоти олии касбӣ ва таҷрибаи кории роҳбарикунанда дошта бошад. Ба довталабони дар соҳаи роҳсозӣ таҷрибаи кории роҳбарикунанда дошта ва донишгоҳу донишкадаҳои политехникии ҷумҳурӣ ва хориҷи кишварро то соли 1992  хатм  намуда  афзалият дода мешавад.

Мӯҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо то  30  январи  соли 2012.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ довталабон метавонанд ба шӯъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе бо  телефонҳои  221-62-56  муроҷиат  намоянд.