Биноҳои истиқоматӣ ва маъмурии лоиҳаи «Диёри Душанбе»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
12 January 2012

11 январи соли 2012 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳайати парламентии Ҷумҳурии Халқии Хитойро таҳти сарварии муовини Раиси Кумитаи Доимии Маҷлиси Умумихитойии Намояндагони Халқи Ҷумҳурии Халқии Хитой хонум Чэн Чжилӣ бо ҳамроҳии Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби  Фан Сянжун, ки дар доираи 20- солагии робитаҳои дипломатии Тоҷикистону Хитой ба Душанбе ташриф овардаанд ба ҳузур пазируфт.

Дар ҷараёни мулоқот Маҳмадсаид Убайдуллоев хонум Чэн Чжилиро бобати нахустин ташрифаш ба Тоҷикистон шодбош гуфта, таъкид ва изҳори боварӣ намуд, ки мутобиқ ба арзёбии неки Сарони кишварҳо аз натиҷаи 20-солаи муносибатҳои дипломатӣ, сафари мазкур дар таърихи муносибатҳои байнидавлатӣ ва байнипарламентии кишварҳо саҳифаҳои наву боэътимодро боз намуда, имкон фароҳам хоҳад овард, ки сатҳи ҳамкориҳои дӯстонаву гуногунҷабҳа дар ҳама самтҳои мутақобилан судманд, ки аз умқи қарнҳо сарчашма мегиранд, тақвияти тоза касб намоянд.

Таъкид сохт, ки кӯмакҳои техникӣ ва интиқолу азхудкунии инвеститсияҳои Ҷумҳурии Халқии Хитой дар соҳаҳои нақлиёт, телекоммуникатсия, сохтмони роҳҳою тунелҳо ва хатҳои баландшиддати барқӣ гувоҳи равшани  муносиботи ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкориҳо  мебошанд. Баҳри тақвият ва густариш бахшидан ба ин равандҳо, ки яке аз самтҳои муҳим дар  сиёсати  Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад параламенти ҷумҳурӣ бобати таъмини фазои ҳуқуқӣ ва такмили қонунгузорӣ тадбирҳои мушаххасро анҷом дода, дар ин равобит бо Маҷлиси Умумихитойии Намояндагони Халқи Ҷумҳурии Халқии Хитой робитаҳои байнипарламентиро муттасил густариш ва таҷрибаи бойи онро мавриди пажӯҳиш қарор медиҳад.

Дар ин радиф баҳри тавсеаи ҳамкориҳо Маҳмадсаид Убайдуллоев пешниҳод намуд, ки густариши муносибатҳо бо татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ дар соҳаҳои саноату энергетика, иктишофу коркарди  канданиҳои фоиданоки кӯҳӣ ва аграрию гуманитарӣ мувофиқ ба мақсад буда, ташкили бозомӯзии кадрҳо ва квотаҳои бештар барои таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар мактабҳои олии Ҷумҳурии Халқии Хитой ба манфиати ҷонибҳост.

Ҳамзамон таъкид намуд, ки барои баланд бардоштани нуфузи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар таъмини сулҳу суботи минтақа, мубориза алайҳи терроризму экстремизм ва гардиши ѓайриқонунии маводи мухаддир, инчунин вусъати ҷараёнҳои ҳамгироӣ парламентҳои мамлакатҳо потенсиали худро бештар равона хоҳанд сохт.

Хонум Чэн Чжилӣ аз ин пазироӣ ва мӯҳтавои сӯҳбат изҳори сипосмандӣ намуда, аз номи Раиси Кумитаи Доимии Маҷлиси Умумихитойии Намояндагони Халқи Ҷумҳурии Халқии Хитой ҷаноби У Банго паёми шодбошӣ расонида, зикр сохт, ки кишвараш барои беш аз ҳарвақта бо мамлакати дӯсту ҳамсоя тақвият бахшидани муносибатҳои мутақобилан судманд манфиатдор аст. Ва барои такмили  он дар асоси эҳтироми арзишҳои ҳамсоягӣ ва соҳибихтиёрии давлатӣ нақши парламентҳоро муассир арзёбӣ карда, таъкид сохт, ки  баҳри татбиқи пешниҳодоти ироагардида тадбирҳои судмандро анҷом медиҳад, то ба робитаҳои ҳасанаи кишварҳо ва парламентҳои дуҷониб вусъати тоза бахшида шавад.  

Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ва созанда ба фарҷом расид.